Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати СММ барои кӯмак ба Покистони гирифтор


Созмони Милали Муттаҳид барои кӯмак ба тақрибан 14 миллион нафар мардуми осебдида аз селобҳо дар Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад. Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал мегӯяд, вусъати фалокат дар Покистон баробар ба вусъати сунамии фоҷиабори соли 2004 дар Уқёнуси Ҳинд, заминларзаҳои харобиовари соли 2005 дар Покистон ва соли 2010 дар Ҳаитӣ будааст. Селобҳо, тақрибан якуним миллирон нафарро аз ҷануби Покистон беҷо кард, якуним миллион гектар киштзорҳои вилояти Панҷоб шуст ва бештар аз ҳам шимолуғарби кишварро вайрон кард, ки маҳалли муқобила бо ҷангҷӯёни Толиб аст. Жан Маурис Риперт, намояндаи вижаи Созмони Милал барои раъфи паёмадҳои фалокатҳо дар Покистон мегӯяд: “Бар асоси тахминҳо, 14 миллион нафар дар саросари кишвар осеб дидаанд, ҳазорон деҳа нобуд шуда, садҳо километр роҳ, ҳудуди 100 пул, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ, насосҳои обкашӣ, шабакаҳои обрасонӣ вайрон шудаанд. “ Ин намояндаи Созмони Милал мегӯяд, барои кӯмакҳои аввалия ба мардуми Покистон даҳҳо миллионҳо доллар ва барои корҳои дарозмуддати эҳё ва барқарорсозӣ миллиардҳо доллар зарур хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG