Пайвандҳои дастрасӣ

Оташи нисфи ҷангалҳои оташгирифтаи Русияро хомӯш кардаанд


Ҳукумати Русия мегӯяд, оташнишонҳо дар зарфи 24 соати гузашта оташи нисфи ҷангалзорҳои оташгирифта дар манотиқи марказии кишварро хомӯш кардаанд. Аммо айни замон дар садҳо манотиқи дигар ҷангалсӯзиҳо идома доштааст. Вазорати изтирории Русия имрӯз эълом кард, ки оташ ҳоло 93 ҳазор гектарро фаро гирифтааст, ки ин масоҳат дирӯз 174 ҳазор гектарро ташкил медод. Вале нукоти оташгирифта назар ба рӯзи гузашта аз 557 то ба 600 адад афзудааст. Матбуоти Русия аз заъфи мақомот дар фӯру нишондани ҷангалсӯзиҳои бесобиқа дар таърихи Русия ба хашм омадааст.
XS
SM
MD
LG