Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон се боздоштшударо шаҳрванди худ намедонад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, се тоҷике, ки дар Афғонистон бо иттиҳоми терроризм боздошт шуданд, шаҳрванди ин кишвар нестанд. Давлат Назрӣ сухангӯи вазорати умури хориҷа ба Радиои Озодӣ гуфт, се нафаре, ки дар шаҳри Қундуз бо иттиҳоми қатли ду маъмури амниятӣ боздошт шудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон чандин сол пеш маҳрум шудаанд:"Мувофиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ агар онҳо дар давоми панҷ сол дар ҳамон кишваре, ки қарор доранд, дар сабти консулии Тоҷикистон намонанд, шаҳрвандии худро гум мекунанд. Ин афрод 18 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон нестанд ва мувофиқи маълумоте, ки доданд, онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб намешаванд." Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин се нафар тоҷики мусаллаҳро ҳамроҳ бо ронандаи афғонашон баъди қатли ду маъмури амниятӣ дар як посгоҳи шаҳри Қундуз шимоли Афғонистон дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG