Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт сарбози Ироқро дар вилояти Диёло куштанд


Пулиси Ироқ мегӯяд, бар асари инфиҷори бомбе дар вилояти шарқии Диёло ҳашт сарбоз кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин бомб ҳангоми юриши сарбозон ба як хонае дар шаҳри Саъдия дар шимолушарқи шаҳри Бақуба, маркази Диёло мунфаҷир шудааст. Муҳаммад Иброҳим, сухангӯи афсари пулис гуфт, мардони мусаллаҳ баъди даргирӣ бо сарбозон онҳоро бо фиреб вориди хона карда ва бомбро тарконидаанд.
XS
SM
MD
LG