Пайвандҳои дастрасӣ

Такрори моҷароҳо дар зиндонҳои Қазоқистон


Бино ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, шаш маҳбуси як зиндон дар вилояти Ақмола худро маҷрӯҳ кардаанд ва барои табобат ба бемористон интиқол дода шудаанд. Галимжан Хасенов, сухангӯи Кумитаи назорати зиндонҳои Қазоқистон гуфт, зиндониён баъди як занозанӣ дар рӯзи 9 август ба чунин коре даст задаанд. Аммо Вадим Курамшин, зиндонии собиқ ва як фаъоли ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, мегӯяд, теъдоди зиндониёне, ки худро дар маҳбаси Граниитӣ маҷрӯҳ кардаанд, шояд бештар аз 250 нафар бошад. Дар чанд ҳафтаи гузашта, маҳбусони зиндонҳои дигари Қазоқистон ба нишони эътироз аз шароити бади зиндонҳо ва азияту шиканҷаашон аз тарафи посбонҳо худро маъюб кардаанд.
XS
SM
MD
LG