Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илоҷи бемории кушанда кашф шудааст


Як гурӯҳи ба раҳбарии пажӯҳишгарони Белгия мегӯяд, як роҳи наверо ошкор кардаанд, ки дуруст нишон медиҳад, чӣ касоние дар оянда аз бемории кушандаи Алзҳеймер ранҷ хоҳад кашид.

Бемории бедавои мазкур миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳонро гирифтор кардааст ва теъдоди мубталои ин беморӣ дар ҷаҳон рӯз ба рӯз зиёд мешавад

Алзҳеймер бемориест, ки батадриҷ хотираи инсонро мехӯрад ва дар ниҳоят беморро мекушад. Даҳҳо миллион дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ гирифторанд ва бо вуҷуди пажӯҳишҳои зиёд дар даҳсолаҳои гузашта, табибон ҳатто наметавонанд, онро ба дурустӣ ташхис кунанд.

Аз ин пас шояд битавонанд, зеро як гурӯҳи олимон иддаъо доранд, ки роҳи ташхиси бемориро ёфтаанд. Гурӯҳи мазкур бо раҳбарии Гирт Де Мейер, аз Донишгоҳи Генти Белгия бо ҳамкорони худ аз Амрико мегӯянд, усули боэътимод ва осону дақиқи ташхисеро ёфтаанд, ки иҷоза медиҳад, аломатҳои бемории Алзҳеймерро солҳо пеш аз рӯ задани худи беморӣ, нишон бидиҳад.

Натиҷаҳои пажӯҳиши мазкур дар як маҷаллаи мӯътабари тиббии Иттиҳодияи Пизишкии Амрико нашр шудааст.

Дар ин мақола омадааст, пажӯҳишгарон дар ҳароммағзи инсон ду протеини хос, “бета амилоид” ва “тау”-ро ташхис кардаанд, ки вуҷуди мизони муайяни ҳарду дар моеъи ҳароммағз, баёнгари вуҷуди бемории Алзҳеймер дар инсон аст.

Яке аз ин протеинҳо, «бета амилоид» ба гиреҳҳои маъмулие пайванд мегирад, ки дар мағзи беморони Алзҳеймер пайдо мешаванд ва протеини дуввум дар дохили ҳуҷайраҳои мурдаи мағзи сар мушоҳида мешавад.

Акнун муаллифони пажӯҳиш мегӯянд, метавонанд бо дурустии 100 дар садӣ пешбинӣ намоянд, ки афроди гирифтори мушкилоти хотира дар муддати 5сол гирифтори бемории Алзҳеймер хоҳанд шуд ва ё на?

Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” дар гузорише дар мавриди ин пажӯҳиш, бо Стивен Декокскӣ, декани Донишгоҳи Тиббии Вирҷиния дар Амрико сӯҳбат кардааст, ки гуфтааст, “маҳз ҳамин чиз буд, ки ҳама мехостанд бубинанд, яъне пешбинии дақиқи беморӣ".

Дар ҳоли ҳозир танҳо баъди марг ва колбудшикофӣ табибон метавонанд, вуҷуди бемории Алзҳеймерро дар инсон ташхис кунанд.

То ҳол, давои бемории мазкур вуҷуд надорад ва дастоварди гурӯҳи пажӯҳишгарони Белгия ва ҳамтоёни онҳо, метавонад тавлидкунандагони дорувориро дар пайи офаридани даво барои ин беморӣ кунад.

Ба ибораи дигар, монеъ шудан ба пайдоиши он ду протеини зиёновар дар моеъи ҳароммағз метавонад, монеъи пайдоиши бемории Алзҳеймер шавад.

Аммо натиҷаҳои пажӯҳиши мазкурро наметавон ниҳоӣ донист, зеро суолҳои муҳиме ҳанӯз беҷавоб боқӣ мондааст, ба мисли ин, ки оё натиҷаҳои бадастомада дар шароити озмоишгоҳӣ то куҷо ба шароити маъмулии бемористонҳо мувофиқат мекунад.

Дигар тарафи масъала, ҷанбаи ахлоқии он аст, ки то куҷо табибон бояд ба беморони худ бигӯянд, ки онҳо дар оянда гирифтори Алзҳеймер хоҳанд шуд.

Вале аз ҳоло бисёриҳо гуфтаанд, ки ин бояд масъалаи хусусии байни табиб ва беморӣ ӯ бошад.
XS
SM
MD
LG