Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти намозгоҳе дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, воқеъ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанберо ғайриқонунӣ унвон кардааст.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, ба радиои Озодӣ гуфт, ин намозгоҳ аз сабти номи давлатӣ нагузаштааст ва бар асоси қонуни нави дин наҳзатиҳо ҳаққи адои намоз дар ин мавзеъро надоранд.

“То ҷое мо иттилоъ дорем, Ҳизби наҳзати исломӣ расман масҷид надорад. Гузашта аз ин, соҳиби масҷид будани як ҳизби сиёсӣ аз рӯйи қонун низ дуруст нест”,-афзуд ӯ.

Аммо масъулини ҲНИТ ин иддаоро рад карда ва гуфтанд, ки ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз афзоиши теъдоди ҷонибдорони онҳо гирифта шудааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон мегӯяд, мақомот аслан аз афзоиши теъдоди ҷонибдорон ва ҳам онҳое, ки акнун барои адои намоз ба масҷиди наҳзатиҳо омада, аз аҳдофу барномаи ин ҳизби сиёсии динӣ огоҳ мешаванд, дар ташвиш афтодаанд.

Даъвати масъулини ҲНИТ ба Кумитаи дин

Оқои Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо Шамсиддин Саидов, яке дигар аз масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ, рӯзи сешанбе, 10-уми август, бо масъулони Кумитаи дин ва намояндагони идораҳои интизомии кишвар дар робита ба ҳалли қазияи масҷиди ҳизбаш дар сӯҳбати рӯ ба рӯ қарор доштааст.

Вай мегӯяд: “Дар ҷаласае, ки дар Кумитаи дин доштем, билахира, ба ҳич нуқтае нарасидем. Мо гуфтем, ки тасмими кумита барои манъ кардани намозро ба ҳич унвон қабул надорем. Ҳамчунин гуфтем, ки агар шумо бисёр дохили қонун биравед ва агар амиқтар фикр кунед, фаъолияти як ҳизби динӣ дар давлати дунявӣ дуруст нест. Вале ба хотири сулҳу амният ва муросои милӣ ҳамин ҳизби диниро ҳама аз боло то поён пазируфтанд ва дар Қонуни асосӣ ворид карданд. Пас, ҳамин ду ракаат намозашро ҳам қабул кунед.”

Масҷиди марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ин ҳизб ба унвони “маркази фарҳангӣ” ном мебаранд, тақрибан даҳ сол аст, ки фаъол буда, дар он аксаран аъзои ин ҳизб намоз мегузоранд.

Дар рӯзҳои иди мусулмонон ва маросими ёдбуду ҷаласаҳои ҳизби наҳзат, ин мавзеъ ба ҷои пурҷамъияте табдил меёбад, ки аксари онҳо аз барномаҳои ҲНИТ, ба унвони ҳизби динӣ ҳимоят мекунанд.

Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломӣ ва имом-хатиби масҷиди маъруф ба номи “масҷиди наҳзатиҳо”, дар рӯзҳои муқаррарӣ танҳо кормандони идораи марказии ҳизб ва меҳмонони онҳо дар ин ҷо намоз мегузоранд.

Вале мегӯяд ӯ, дар рӯзи ҷумъа бештар аз ду ҳазор намозгузор ба масҷиди наҳзатиҳо меоянд, ки аксари онҳо низ аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби диниянд ё дар маҳаллае зиндагӣ мекунанд, ки қароргоҳи ҳизб дар он ҷо воқеъ аст.

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, намояндагони Кумитаи дин ба онҳо пешниҳод додаанд, ки дар сурати аз баҳри ин намозгоҳ гузаштан, барои онҳо шароит фароҳам хоҳанд овард, то дар масоҷиди дигар намози худро адо кунанд.

Аммо наҳзатиҳо мегӯянд, ин иддаои мақомот дар ҳолест, ки феълан дар ягон масҷиди дигар ба ҷуз масҷиди наҳзатиҳо шароит барои хондани намоз барои занон фароҳам нест.

Танҳо масҷиде, ки занон низ имкони намозгузорӣ доранд

Ҳоло масҷиди наҳзатиҳо шояд танҳо масҷид дар Тоҷикистон аст, ки иҷоза додааст, то занон низ дар баробари мардон намози худро адо кунанд.

Ҳар рӯзи ҷумъа ҳудуди сад тан аз занону духтарон ба хотири адои намози ҷумъа дар баробари мардон ба ин масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ меоянд. Аксари ин занон мегӯянд, ба ин масҷид тавассути ҳамсояҳо ва дугонаҳои худ, ки бархе аз онҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд, роҳ ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон мегӯянд, бархӯрди давлат бо намояндагони ҲНИТ бар сари намозгоҳашон агарчӣ ба сурати қонунӣ анҷом мегирад, лекин дар шароите, ки мардум ҳарчӣ бештар исломӣ мешаванд, ба манфиат нахоҳад буд.

Саймуддин Дӯстов, аз коршиносони тоҷик, низ ба ин бовар аст, ки ин иқдоми Кумитаи дин метавонад, баръакс, назари манфии сокинони мусулмони Тоҷикистонро, ки ҳоло бештар аз чиҳил ҳазори онҳо узвияти ҲНИТ-ро доранд, нисбат ба давлат бедор карда ва шӯълаи таваҷҷӯҳашон ба Ҳизби наҳзати исломиро аланга хоҳад дод.

Сабти номи такрории масҷидҳо

Мақомоти давлатии Тоҷикистон сабти номи кулли масоҷид дар кишварро соли гузашта оғоз карданд, замоне ки қонуни баҳсбарнгези дин аз сӯйи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҷумҳур тасвиб шуд.

Бар асоси ин қонун, Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг ва ҳоло Кумитаи дин бештар аз 3 ҳазору 300 масҷиди панҷвақта, 324 масҷиди ҷомеъ ва 27 масҷиди ҷомеи марказиро ба қайди давлатӣ гирифт.

Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, танҳо дар шаш моҳи соли равон барои ба қайд гирифтани 7 масҷиди ҷомеи марказӣ, се мадраса ва теъдоде аз масҷидҳои панҷвақта низ ариза ворид шудааст, ки ба далели комил набудани аснодашон сабти ном нашудаанд.

Бо ин ҳол, ҳам намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, дар бораи қонунӣ кардани фаъолияти масҷиди наҳзатиҳо ё бастани он ба натиҷае нарасидаанд.

Онҳо мегӯянд, шояд охирин сухан дар ин бораро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси Кумитаи дин бигӯянд, ки қарор аст, рӯзҳои наздик бо ҳам сӯҳбати як ба як хоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG