Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Ралф Бэйкер, муовини фармондеҳи неруҳои Амрико дар Ироқ гуфт дар ҳоле, ки шумораи артиши ИМ дар он кишвар ба таври чашмрас коҳиш меёбад ва раванди сиёсии Ироқ ба бумбаст рӯбарӯ шудааст, гурӯҳҳои тундгаро кӯшиш доранд холигии ба вуҷуд омадаро пур кунанд.

Вай афзуд, ки ба хотири он, ки сиёсатмадорони ироқӣ то ҳол натавонстанд ҳукумати нав ташкил диҳанд, хатари ба амал омадани ошубҳо ва хушунатҳои байнимазҳабӣ афзоиш меёбад.

Афзоиши қурбониёни хушунатҳо


Ин дар ҳолест, ки қабл аз хуруҷи пурраи артиши Амрико аз Ироқ то соли 2011, қарор аст то охири моҳи ҷорӣ шумораи афсару сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар аз 65 000 то ба 50 000 нафар коҳиш дода шавад.


Бино ба омори ҳукумати Ироқ, моҳи июл аз ҷиҳати талафот миёни аҳолии мулкӣ пурқурбонитарин моҳ дар ду соли охир будааст. Ҳамин тавр моҳи гузашта 396 шаҳрванди ғайринизомӣ, 50 сарбози ироқӣ ва 89 корманди пулиси ин кишвар кушта шуд. Низомиёни Амрико ин нишондодҳоро шубҳанок номида мегӯянд, ки шумораи кушташудагони мулкӣ 222 нафарро ташкил додааст ва аз он ҷумла 6 нафаршон амрикоиҳо буданд.

Баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март, нахуствазири Ироқ Нури Ал-Маликӣ ва рақибаш Айёд Алавӣ то ҳол натавонистаанд ҳукумати нав ташкил диҳанд.

Генерал Бэйкер гуфт, баъд аз коҳиши чашмраси ҳамлаҳои хунин дар муддати тулонӣ, дар ҳафтаҳои охир шумораи ин ҳамлаҳо рӯ ба афзоиш ниҳод:

“Шаҳрвандони Ироқ аз раванди сиёсӣ нороҳат ва ноумед шуданд. Мо бовар дорем, ки яке аз ҳадафҳои ҷинояткорон, террористон ва ошӯбгарон ин истифода аз нороҳати ва хашми мардум нисбати ҳукумат ва кӯшиши тарсондани онҳо мебошад. Аҳолии Бағдод дар тӯли шаш моҳи охир бо неруҳои амниятӣ ҳамкорӣ мекард ва бо ёрии онҳо имконпазир шуд алайҳи Ал Қойда ва дигар гурӯҳҳои ошӯбгар амалиёти самарабахш анҷом дод. Ва барои ҳамин ҳам онҳо мехоҳанд мардумро тарсонанд.”


Бэйкер пешгуӣ намуд, ки ин гурӯҳҳо кӯшиш хоҳанд кард ҳукумат ва неруҳои амниятиро бадном кунанд.

Ҳамин тавр дар давоми ҳамагӣ як ҳафта дар Бағдод 12 корманди полис кушта шуд.

Ироқро ҳукумати қавӣ мебояд

Дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерс, Нури Ал Маликӣ иқрор намуд, ки мушкил аз ҷумла дар шахсияти вай аст, аммо ҳамзамон гуфт, ки танҳо ҳукумати қавӣ бо пуштибонии аксаррияти аҳолӣ метавонад аз афзоиши хушунат ҷилавгири намояд намояд:

“Ман мутмаъинам, ки агар нахуствазири оянда заиф бошад ва ӯро аксаррияти эътилофҳои сиёсӣ, қавмӣ ва вакилони парлумон дастгирӣ накунанд, ба иттиҳоди Ироқ ва вазъи амниятӣ хатари бузург таҳдид хоҳад кард. Силоҳбадастон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ бармегарданд. Ал-Қойида бармегардад ва низоъҳо ба амал меояд. Мо ба шахсе ниёз дорем, ки аз чолишҳои мавҷуда, дипломатия, робитаҳои хориҷӣ ва дохилӣ, иттиҳоди миллӣ, оштии миллӣ ва иттиҳоди Ироқ тасаввурот дошта бошад”.


Ҳодисаҳои охир хавферо ба амал овардааст, ки баъд аз хуруҷи артиши Амрико, неруҳои ҳукумати Ироқ амнияти кишварро таъмин карда наметавонанд.

Ҳафтаи гузашта Ториқ Азиз, собиқ муовини Саддом Ҳусайн, ки феълан дар маҳбас ба сар мебарад, ба рӯзномаи бритониявии Гардиан гуфтааст, ки артиши Амрико бояд бимонад вагарна Ироқ ба чанголи гургон супорида мешавад.


Фармондеҳони амрикоӣ тасдиқ мекунанд, ки гурӯҳҳои ошӯбгар аз ҷумла Ал-Қоида дар тӯли ҳафтаҳои охир фаъолтар шуданд. Ҳамзамон онҳо хушбинии эҳтиёткорона баён мекунанд, ки неруҳои амниятии Ироқ барои муқовимат ба ин гурӯҳҳо омодаанд.

Ироқиҳо худ омодаи таъмини амниятанд

Ин дар ҳолест, ки генерал Алӣ Ғайдан, фармондеҳи аршади ироқӣ 9 август изҳор намуд, ки неруҳои кишвараш барои бар дӯши худ гирифтани масъулияти таъмини амният аз дасти Амрико пурра омодаанд.


Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки саволҳо дар ин бора боқӣ мемонанад. Ҷуст Ҳилтерман, муовини раиси барномаи Ховари Миёна ва Амрикои Шимолии Гуруҳи байналмилалии Бӯҳронҳо гуфт, ки ироқиҳо қобилияти анҷоми амалиёт бо дастгирии неруҳои Амрикоро доранд, аммо дар бахши таъминот, лашкаркашӣ ва истихборот онҳо заифанд. Ироқ неруҳои ҳавоӣ надорад ва аз ин ҷиҳат онҳо ба кӯмаки бардавоми Амрико ниёзманданд.

Генерал Бэйкер инчунин Эронро дар тамрини ошубгарони ироқӣ дар қаламраваш муттаҳам намуда гуфт имкон дорад, ки Эрон дар оянда барои бесубот кардани вазъи Ироқ иқдом кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG