Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Эрон хост аз эъдомҳои ногузир худдорӣ кунад


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш аз сарнавишти ҳомиёни ҳуқуқ ва ононе, ки дар Эрон ба эъдоми ногузир рӯ ба рӯ мешаванд, нигарон аст. Вай аз Теҳрон дархост кард, ки аз куштани чунин одамон худдорӣ варзад. Хонум Клинтон дар ин маврид аз Иброҳим Ҳамидӣ-ҷавони 18-сола ёдоварӣ кард, ки барои ҳамҷинсбозӣ эҳтимолан эъдом хоҳад шуд. Сакина Оштиёнӣ низ ба зино муттаҳам шудааст ва ҳукми сангсор гирифтааст. Хонум Клинтон гуфт, Эрон бояд муоҳидаи СММ аз соли 1966 дар бораи озодиҳои аслии инсон аз назар бигзаронад. Ин муоҳидаро ҳукумати шоҳаншоҳии Эрон қабл аз инқилоби исломии соли 1979 ба тасвиб расонда буд.
XS
SM
MD
LG