Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз СММ барои Покистон дархости кӯмак мекунад


СММ гуфт, сармоягузориҳои аслӣ дар бахши имдод ба осебдидагони селобҳои шадиди Покистон ихтисос хоҳад гирифт. Дар ин селобҳо 6 миллион нафар осеб дидаанд. Элезабет Бирз-сухангӯи СММ гуфт, сармоягузорӣ аслан ба ононе хоҳад шуд, ки ба кӯмакҳои мустақим эҳтиёҷ доранд. Қарор аст, имрӯз Ҷон Ҳолмз-муовини Дабири Кулли СММ дар умури башарӣ дар Нию Йорк масъалаи кӯмакҳои байналмиллалӣ ба осебдидагонро матраҳ кунад. Мақомот мегӯянд, мизони зарари селобҳои Покистон ба сунамии уқёнуси Ҳинд дар соли 2005 баробар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG