Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Панҷакент хондани азон аз баландгӯ мамнӯъ эълон шуд


Дар остонаи моҳи Рамазон шаҳрдории Панҷакент хондани азон аз баландгӯҳоро мамнӯъ эълон кард. Онҳо гуфтаанд хондани азон аз баландгӯҳо оромиву сукутро дар шаҳр ба ҳам мезанад. Вале шаҳрҳои дигар, аз ҷумла шаҳри Душанбе дар бораи хондани азон аз баландгӯҳо дастуре содир накардаанд. Маъмулан мардуми Тоҷикистон ва умуман дар кишварҳои мусулмоннишин мардум одат доранд, ки бо шунидани намоз рӯзаашонро кушоянд.
XS
SM
MD
LG