Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири пешини Қирғизистон боздошт шуд


Игор Чудинов-нахуствазири пешини Қирғизистон боздошт шудааст. То ҳол иттиҳоми вай эълон нашудааст. Хадамоти Амнияти Миллии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, Чудинов худаш довталабона ба мақомоти интизомӣ таслим шудааст. Чудинов аз соли 2007 то соли 2009 дар солҳои ҳокимияти Қурмонбек Боқиев нахуствазир буд. Баъд аз барканорӣ аз мақоми нахуствазирӣ вай дар як Бунёди рушди Қирғизистон раҳбар буд. Ин бунёд ҳоло барои сирқати пулу мол зери тафтиш қарор дорад.
XS
SM
MD
LG