Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиканӣ ва гуруснанишинии коргарони метрои Алмаато


Даҳҳо нафар кормандони сохтмони роҳи зерзаминӣ дар Алмаатои Қазоқистон мегӯянд, онҳо имрӯз, чаҳоршанбе ба гуруснанишинӣ даст мезананд, зеро ба онҳо се моҳ дастмузд пардохт накардаанд. Ин коргарон, ки се рӯз коршиканӣ карданд, дирӯз дар назди маҳали сохтмони метро гирдиҳам омаданд. Онҳо ба ҳарфи афроди амниятӣ гӯш надоданд ва хостанд бо раиси ширкати сохтмонӣ мулоқот кунанд. Баъзе аз онҳо гуфтанд, ки Рамазон шурӯъ мешавад ва онҳо барои харидории маводи хӯрокӣ пул надоранд. Барои сохтмони метрои Алмаато 8 миллиард доллар сарф шудааст ва барои такмили сохтмони он 200 миллион доллари дигар зарур аст.
XS
SM
MD
LG