Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 000 евро барои шаҳрвандии Монтенегро


Дар эъломияе, ки дар сомонаи ҳукумати Монтенегро ё Черногория ба табъ расидааст, гуфта мешавад, касе, ки дар ин кишвар 500 000 евро сармоягузорӣ мекунад, аз ҳақи шаҳрвандии Монтенегро ва аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои як шаҳрванди ин кишвар бархӯрдор хоҳад буд ва чунин кор дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ҷиддии байналмиллалӣ сурат хоҳад гирифт. Монтенегро 670 000 аҳолӣ дорад. Ин кишвар ба Таксин Шинаватра-нахуствазири пешини Таиланд шаҳрвандӣ додааст. Вай дар кишвари худ ба ҳабс маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG