Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия мегӯяд, террористҳо лулаи нафтро таркондаанд


Мақомоти амниятии Туркия мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷори лулаи нафти Киркук -Сейҳун дар наздикии марз бо Ироқ 2 нафар кушта, як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Мақомоти расмии Туркия ин инфиҷорро "ҳамлаи террористӣ" арзёбӣ кардаанд. Ниҳодҳои амниятии Туркия мегӯянд, дар гузашта Ҳизби Коргари Курдистон ё Пи Кей Кей, ки фаъолияташ ғайриқонунист, чунин инфиҷорҳо анҷом додааст. Вале то ҳол масъулияти ин инфиҷорро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Аз ин лула 25 дарсади нафти Ироқ ба хориҷ содир мешавад.
XS
SM
MD
LG