Пайвандҳои дастрасӣ

Бо фарорасии моҳи Рамазон, мисли солиёни пеш, болоравии қимати маводи озуқа, минҷумла орду равған, меваю сабзиҷот ва полезӣ дар бозорҳои вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад.

Нархҳои осмонӣ

Акбаралӣ Афзалов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, баъди ворид шудан ба бозори марказии шаҳр дар ҳайрат уфтодааст. Гаронии нарху навои маҳсулоти ғизоӣ ӯро ба ваҳм андохта, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон тавони ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст:

«Картошка, ки 1 сомонӣ буд, дар моҳи Рамазон нархаш ба 2 сомонӣ баробар шудааст. Помидор ҳам чанде пеш 50 дирам буд, якбора якуним сомонӣ шудааст. Ҳамин хел нархҳои гарон. Маош ночиз аст, аммо ҳама чиз дар бозор гарон аст, орд ҳам, равған ҳам. Ин чи гап аст?! Одат шудааст, ки савдогарон моҳи Рамазонро ба моҳи бизнесашон табдил додаанд. Агар назорат аз боло, аз тарафи ҳукумат сахт нашавад, нархҳо ҳамин хел боло рафта, баъд тамоми сол поин намераванд. Охир орд гирем, равған гирифта намешавад, мевагӣ ҳам нархаш гарон, харида намешавад. Дар ҳамин моҳи Рамазон ба савдогарон инсофу имон мехоҳам…»

Тайи рӯзҳои ахир, қимати маводи озуқа дар бозорҳои вилояти Хатлон ҳудудан то 40 дарсад боло рафта, ин болоравии нархҳо, ба мисли Акбаралӣ, даҳҳо сокини дигари маҳаллиро бо тарс аз камбуди ғизо рӯ ба рӯ кардааст.

Агар ҳам дар ду-се ҳафтаи қабл як халтаи 50-килоии орд дар бозори Қӯрғонтеппа бар ивази 75-80 сомонӣ харида мешуд, имрӯз он, вобаста ба навъаш, 115-120 сомонӣ арзиш дорад. Қимати гӯшти гов 22 сомонӣ, як литр равған 6 сомонӣ, шакар 5 сомонӣ ва анвоъи гуногуни меваҷот, мисли ангуру себу шафтолу, низ аз 4 то 8 сомонӣ нарх дорад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар паёми худ тақозои танзими нарх ва кам кардани қимати маводи мавриди ниёзи мардумро кардааст.

Мақомоти маҳаллӣ ҳам мегӯянд, нарху навои бозорро дар Хатлон зери контрол нигоҳ медоранд ва дар моҳи Рамазон, мисли солиёни пеш, болоравии нархҳо ба мушоҳада нахоҳад расид.

Тутихон Назарова-муовини раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот"-и Хатлон
Соҳибкорон аз фурсат истифода мебаранд


Аммо деҳқонон, фурӯшандаҳо ва савдогарони бозор мегӯянд, имкони амалии кам кардани нархро надоранд. Аз соҳибкори бозори марказии Қӯрғонтеппа, ки худро Кабир Ҷумъаев муаррифӣ кард, шарҳи ин ҳолро пурсидам. Вай гуфт:

«Ҳамин сӯзишворӣ гарон шудааст, ҳама бора бо мошин меорем ба бозор ва табиист, масрафоти роҳкиро ҳам ба қимати маҳсулоти фурӯшӣ зам мешавад. Орди Русия дигар ворид намешавад. Ҳукуматаш содироти гандуму ордро манъ кард. Аз ҳамин сабаб ҳам нархи орду гандум боло рафт.
Ба замми ин, савдо чандон хуб нест. Бисёре аз соҳибкорон аз ҳамин савдои хуб дар моҳи Рамазон истифода карда, мехоҳанд як каме фоидаи бештар ба даст оранд. Хайр мо ҳам зиндагӣ дорем, камбудӣ дорем дар рӯзгор…»


Ва аммо Тӯтихон Назарова, муовини раиси ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и Хатлон, ниҳоде ки ба танзими кори бозору фурӯшгоҳҳо масъул аст, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз болоравии қиматҳо дар моҳи Рамазон аз сӯйи давлат миқдори муайяни маводи ниёзи аввалия, назири маҳсулоти кишоварзӣ ва орду гандум захира шуда, ҳангоми зарурат ин мавод ба бозор ворид карда хоҳад шуд:

«Ҳадафи аслии ташкилоти мо ҳам пешгирӣ аз болоравии нархҳо дар бозор, дастгирии марди деҳқон аст. Кӯшиш кунем, ки истеҳсолро зиёд кунем, маводҳои худистеҳсолкардаамон ба бозор бештар ворид шавад, маҳсулотро аз деҳқон харида, захираи бештар кунем, мушкил роҳҳал пайдо мекунад. Барои захираи бештар ва пешгирӣ аз болоравии нархҳо, мо бо «Матлубот»-и вилояти Суғд шартнома бастем ва баъзе анвоъи сабзиҷотро ба вилояти Хатлон ворид хоҳем кард…».

Тафовути ҳарфи ҳукумат ва амали соҳибкорон


Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарони вазорату ҳукуматҳои шаҳрҳо ва навоҳии кишвар дастур додааст, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи моҳи Рамазон фурӯши маводди ғизоиро бо нархҳои арзон роҳандозӣ кунанд.

Шаҳрдории Душанбе низ ахиран бо тоҷирону соҳибкорони бозорҳои пойтахт бар сари то 20 дар сад поин бурдани қимати маводи ғизоӣ тавофуқ кардааст. Дар навбати худ, шаҳрдорӣ ваъда супурдааст, ки онҳоро аз пардохти ҳаққи тиҷорат дар бозорҳо озод намуда, бозрасии фаъолияти соҳибкорон аз сӯйи ниҳодҳои андозро манъ мекунад.

Ва аммо воқеияти феълии бозорҳои вилояти Хатлон гувоҳи он аст, ки мақомоти маҳаллӣ дар амри ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо оҷизӣ мекашанд. Ҳоло ягон тасмими амалӣ ё алтернативае аз сӯйи мақомот ба соҳибкорон ва деҳқонони маҳаллӣ ироа нашудааст, то ба ин васила аз болоравии қимати маҳсулот ҷилавгирӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG