Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи навбатии барномаи "Театр дар назди микрофон"-и Радиои Озодӣ ба масъалаи бисёрзанӣ ва пайомади он дар ҷомеаи Тоҷикистон бахшида шудааст.

Муаллиф: Қурбон Собир

Иштирочкиён:
Ровӣ, Мард, Зани аввал, Зани дуввум, Бародар, Котиб, Судя, Шоҳидон.

САХНАИ - I

Ровӣ: Хонаи зани аввал. Мард: аз дар ворид мешавад.

Мард: – Вақти рафтанам шуд. Бояд равам.

Зан: - Чи хел ? Соат чанд шуд?

Мард: - /Аз ҷавоб мегурезад./.. Бачаҳо хоҳиш карданд тезтар ҷамъ шавем.

Зан: – Ман хамир кардам, кулчаву кумоч…

Мард: – Лозим не!... Дипломати ҳуҷҷатҳо куҷо шуд?

Зан: – Чи кор мекунӣ?

Мард: –Даркор.

Ровӣ : -Дипломатро мекобанд ва пайдо мекунанд.

Зан: – Исто Мардакҷон. Ту чи, аз хона тамоман рафтанӣ?

Мард: – Не, -е!

Зан: – Мардакҷон!

Мард: – Занакҷон! Дар як ҷои дилпур руст мекунам.

Зан: – Баъди 1:5-соли бо ҳам зистан ҳоло ҳам дилат аз ман пур нест?

Мард: – Ба корҳои Мардона дахолат накун!

Зан: – Як фарзандак агар Худованд лоиқ медид…Ҳоло ба Русия ҳам намерафти.

Ровӣ: Зан аз китфони Мард оғуш гирифта, ўро навозиш мекунад.

Зан: - Худатро эҳтиёт кун! Бедарак нашав! Пулу молат даркор не! Худат даркор! Ҷонат даркор!

Мард: – Майлаш. Ман дер мемонам. Бояд равам. Аз хонаву дар бохабар бош!

Ровӣ: Мард ба дохили борхалтааш дипломатро мегузорад.

Зан: – Дигар хеҷ чиз намегирӣ?

Мард: – Не! Бори зиёдати чи лозим. Хайр.

Зан – Хайр. Ман интизору пазмон мешавам.

(Мард меравад)

(Мусиқӣ)

САҲНАИ - II


Ровӣ: Хонаи зани дуввум. Мард дар даст борхалта аз дар ворид мешавад. Аз дохили борхалта дипломатро берун меорад. Зани дуюм ўро пешвоз мегирад.

Зани 2:: - Омади?

Мард: \Ин ҷо шод аст\ - Ҳа, омадам!

Зани 2:: – Қариб хама чизатро омода кардам.

Мард: – Ҳоло вакт бисёр. Ба ҳамааш мерасем. Инро гир.

Зани 2:: – Ин чист?

Мард: –Як гала ҳуҷҷату коғазҳо.

Зани 2:: – Онҳоро чи кор кунам?

Мард: – Руст кун!

Зани 2:: – Хуб! О ин қулф задагию?

Ровӣ : -Калидро нишон дода боз аз нав ба борхалта меандозад

Мард: - Ана калид.

Зани 2:: – Фаҳмо. Дар хамон сандуқ мемонам, ки ҳуҷҷатҳои хона, шиносномаҳо, шаҳодатномаи ақди никоҳамон ҳамон ҷост, хуб?

Мард: – Чӣ?

Зани 2:: - Дар ҳамон сандуқ мемонам, ки ҳуҷҷатҳои хона, шиносномаҳо, шаходатномаи акди никоҳамон ҳамон ҷост, хуб?

Мард: - Нафаҳмидам.

Зани 2:: - Нафаҳмидӣ? (таҳқиромез)

Мард: - Фаҳмидам, фаҳмидам (бо ханда)

Зани 2:: – Либосҳои гарматро намегирӣ?

Мард: – Аз ҳамон ҷо мехарам.

Зани 2:: – Ҳама вақт гарм пуш. Худатро эҳтиёт кун! То ту меоӣ, ки ман табобатамро тамом мекунам. Табиб гуфт, ки ин дафъа ман ҳатман тавваллуд мекунам.

Мард: – Агар ман яқин медонистам, ки ту бароям бача мезоӣ, аз баҳри ҳама чи мебаромадам, на ғуссаи ҳаст мехўрдам ва на ғуссаи нест.

Зани 2:: – Иншоолоҳ таваллуд мекунам.

Ровӣ: Аз чизҳои зарурӣ борхалтаи Мард пур мекунад.

Мард: – Дар паноҳи Худо!

Зани 2:: – Худо нигаҳдорат! Ман бе шумо дилгир мешавам. Ҳамин ки расидед, занг занед.

Мард: – Хуб. Ман ҳам бе ту дилгир мешавам. Хайр!

Зани 2:: – Хайр!

Ровӣ : Мард: меравад.

(Мусиқи)

САҲНАИ - III


Ровӣ: Хонаи зани дуввум. Зан, ки либоси азо ба бар кардааст, бо бародараш сўҳбат дорад.

Зани 2:: – Худораҳматӣ на бахт дид, на тахт. Бандагиро хам мисли инсон ба чо наовард.

Бародар – Ки гӯру чӯбаш кардааст?

Зани 2: – Ҳамшаҳриҳо…

Бародар: – Агар гирифта меоварданд, намешуд?

Зани 2: – Не - /мегиряд./… Гуфтанд, ки аз вай ҳеҷ чиз намонда будааст.

Бародар: – Ин ҷо ягон хешу табор надошт?

Зани 2: – Вай як одами бе касу кӯй буд. Танхо як сандуқчаро пеш аз рафтанаш гирифта омад. Калидашро бошад бо худаш гирифта бурд.

Ровӣ: Зан дипломатро гирифта меорад. Бародар бо иҷозаи хоҳараш, қулфақро боз мекунад.

Зан: - Он ҷо чи ҳаст?

Бародар: – Ким-чи хел қоғазҳо, нусхаҳои кадом ҳуҷҷатҳо, шаҳодатномаи хона.

Зани 2: – Шаҳодатномаи кадом хона?

Бародар: – Ҳозир..., ҳозир, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов хонаи 34.

Зани 2: – Ин хонаи кӣ бошад?

Бародар: – Ба номи Бекназари Юсуф. Фамилияи худораҳматии шавҳарат ҳамин хел буд?

Зани 2: – Ха, Бекназари Юсуф. Дар шаҳодатномаи аҳди никоҳамон пурра ному насабаш хамин хел навишта шудааст.

Ровӣ: Шаҳодатномаи ақди никоҳро меорад

Зан: - Мана…

Бародар: – А, ҳа дуруст. Аз хона доштанаш ба ту чизе нагуфта буд?

Зани 2: – Не!

Бародар: – Ё ин чо ягон сире хаст. Ё хамон қадаре ки ман қонунро мефаҳмам, агар ягон соҳибдараке надошта бошад, хона моли ҳалоли меросии туст.

Зани 2: – Надонам Шумо одамони калон, Шумо беҳтар медонед.

Бародар: –Хоҳар, ман дар натариус кор мекунам. Нигоҳ кун. Ту дар қайди никоҳи Бекназари Юсуф /нишон медиҳад./ Ҳамин хел?

Зани 2: – Ҳамин хел?

Бародар: – Ҳуҷҷатҳои хона бошад ба номи Бекназари Юсуф, ки шавҳари қонунии туст. Пас ту ҳақи ин хонаро аз шавҳарат ба мерос гирифтан дори! Ҳамин! Пагоҳ ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро гирифта ба идораи мо биё, мо бароят ҳуҷҷати мерос дуруст мекунем. Хуб! Ман меравам. Бандаги хоҳарчон, дилат ганда нашавад.

Зани 2: – Лақ-лақ кардаму ба Шумо як пиёла чой ҳам дам накардам.

Бародар: – Не лозим не! Хайр.

Зани 2: – Хайр, хуш омадед. Пагох наздатон меоям.

Ровӣ : Бародар меравад.

САХНАИ - IV

Ровӣ: -Хонаи зани якум. Зани 1: ҳам дар либоси азодорӣ. Занги дар садо медиҳад. Зани якум дарро боз мекунад. Зани дуввум ворид мешавад.

Зани 1: – Марҳамат дароед.

Зани 2: – Салом.

Зани 1: – Алейкум салом.

Зани 2: – Мебахшед апаҷон, меҳмони нохонда шудем. Ман Адиба Мухторова, хавотир нашавед. Чанд лаҳза вақтатонро мегирам.

Зани 1: – Ҳеҷ гап не, даромадан гиред.

Зани 2: – Гап сари ин ки апаҷон, ҳамин хонае, ки ҳоло Шумо зиндагӣ доред, ба худораҳматӣ шавҳари ман тааллуқ дорад. Акнун, ки дигар вай нест, мехостам худам ҳамаро ба тартиб биёварам. Лабу лунҷи хонаро дуруст кунам.

Зани 1: - /Ҳайрон./ Чи хел хонаи шавҳари Шумо? Шумо саҳв мекунед, хоҳарҷон. Ин хона хонаи ҳалоли шавҳари ман аст. Мо дар ин хона Худоро шукр понздаҳ сол умр ба сар бурдем.

Зани 2: – Шояд шумо бехабар мондаед…шояд шавҳаратон ин хонаро ба шавҳари ман фурухта бошад?

Зани 1: – Ба шавҳари Шумо…Мебахшед, шавҳари Шумо кист?!...Чи ном дорад?

Зани 2: – Бекназар!

Зани 1: – /Ҳайрон!!!/ Бекназар?

Зани 2: – Бекназари Юсуф.

Зани 1: - Бекназари Юсуф??? Ваҳ…/Сарашро медорад./ Охир Бекназари Юсуф хоҳарчон, 15 сол боз шавҳари ман буд ва Худо раҳматаш кунад, ки дар диёрҳои мардум хоку туроб гашт.

Зани 2: – Шавҳари шумо ҳам мурдааст?

Зани 1: – Мурдааст, хоҳарҷон, мурдааст.

Зани 2: – Пас ҳамон Бекназари Юсуф ҳам шавҳари шумост ва ҳам шавҳари ман?

Зани 1: – Ман зани яккаву ягонаи худораҳматӣ ҳастам.

Зани 2: – Ман шаҳодатномаи акди никоҳ дорам /Ҳуҷҷат нишон медиҳад./

Зани 1: - /Ҳуҷҷатро дида./ Ҳа гурсӯхта, наход маро фиреб дода бошад?

/Мегиряд./

Ровӣ: Ҳарду зан талх мегирянд.

Зани 2: - /Гиряолуд./ Шумо фарзанд доред?

Зани 1: – Не,…Шумо чи?

Зани 2: – Не… Чунон вонамуд мекард, ки гӯё дар дунё ғайр аз ман каси дигар надорад. Ҳайф шудам, ҳайф!...

Зани 1: –Вой аз зиндагии барбод рафтаам…вой, …вой…сухтаме,…бе фарзанд, …ки медонад, агар шавҳари дигар мекардам, шояд кӯдакдор мешудам. Мардаки гурсӯхтаи фиребгар. Вое, …акнун инаш омада хонаро аз ман гирифтани…

Зани 2: – Аз маргам хабар доштаму аз будани Шумо не апаҷон. Мисли ҳама, ариза додем, аз кайди никоҳ гузаштем. Туй кардем. Аз куҷо медонистам, ки маро ҳам фиреб дода истодааст. Нигоҳ кунед… Ҳамааш дуруст, ягон фиреб нест.

Зани 1: – Ҳуҷҷатҳоят ба худат насиб кунад. Ба ман чи дахл дорад. Хуш омадед! Хона моли ҳалоли ман аст. Хуш омадед.! (Ӯро боодобона пеш мекунад.)

Зани 2: – Пас бигузор, қонун ҳар чи ҳукм кунад, ҳамон шавад. Хайр.

Ровӣ: Зани якум меравад

САХНАИ - V


Ровӣ: Мухити идораи суд. Аз ду канор чанд нафари нишастаанд.

Судя: – Даъвогар ба суд муроҷиат намуда, даъвои худро бо он асоснок намудааст, ки бо марҳум - Бекназари Юсуф муддати 3 сол мешавад, ки зану шавҳар буда, акди никоҳи онҳо дар мақомоти САХШ ба расмият дароварда шудааст ва баъди вафоти шавҳараш бинобар меросхури дараҷаи якум буданаш дар асоси талаботи Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи нотариали муроҷиат намуда, айни ҳол шаҳодатномаи меросро гирифтааст ва соҳибмулки хонаи воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ. Расулов хонаи 34 мебошад ва айни ҳол аз суд хоҳиш кардааст, ки ҷавобгар Салимова Ҳабиба аз манзили дар боло зикргардида кӯчонида шавад.

Ровӣ: Баъди шунидани баёноти тарафҳо ва шоҳидон суд ҳалномаро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад.

Судя: Ҳалнома аз номи Ҷумхурии Тоҷикистон. Даъвои Мухторова Адиба /зани дуввум/ нисбати Салимова Хабиба /зани якум/ «оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматии воқеъ дар кўчаи Ч.Расулов хонаи 34» қонеъ карда шуда, ҷавобгар аз манзили истикоматии мазкур кўчонида шавад.

(Сукут)

(Мусиқӣ)

Анҷом
XS
SM
MD
LG