Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран пас аз таҷдиди Кохи синамои ба номи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа ин мавзеъ ба нахустин кинотеатри насли нави 3D дар Тоҷикистон мубаддал шуд.

Ҳамакнун филмҳои ҳунарӣ ва тасвириро дар формати 3D бо фанноварии рақамии то ҳанӯз дар қаламрави Тоҷикистон беназир тамошо кардан мумкин аст.

Эркин Абдураҳмонов, намояндаи ширкати мавсум ба «Фароз», ки дар ифтитоҳи кинотеатри мазкур саҳм дорад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Кохи синамо бо системаи Dolby Digital ва фанноварии аккустикии ширкати JBL муҷаҳҳазонида шудааст, ки натанҳо кайфияти нашри филмҳоро беҳтар мекунад, балки барои анҷоми тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории намоишҳои ҳунарии мувофиқ ба талаботи замони муосир имкон фароҳам меоварад.

"Формати шавқангез"

Ҷаноби Абдураҳмонов афзуд, ба ҷуз ин ҳама, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико экрани бузургҳаҷми баробар ба 18 метр дарозиву 8 метр бараш харидорӣ ва дар Кохи Лоҳутӣ насб шудааст. Ин экрани пахши филмҳо истеҳсоли ширкати Harkness буда, ба иддаои масъулини Кохи Лоҳутӣ, он бузургтарин як чунин экран дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ будааст. Эркин Абдураҳмонов дар бораи формати 3 D, ки то ҳанӯз дар ҳеҷ кинотеатри Тоҷикистон аз он истифода намешуд, мегӯяд:

«Филмҳоро дар формати 3D танҳо бо айнакҳои махсус тамошо кардан мумкин аст. Эҳсосоте, ки аз тамошои флм дар формати мазкур одамро фаро мегирад, тасвирношуданист. Баъди ба чашм андохтани айнак, шумо фикр мекунед, ки одам 10-20 метр пеши чашматон омадааст, гӯё ҳар як қаҳрамони филмро зинда мебинед, худатонро яке аз қаҳрамонҳои он ҳис мекунед. Тасвир аз экран
Толори кинохонаи Лоҳутӣ дар Қурғонтеппа
берун мешавад, агар ягон филми жанри ужас бошад, одам, бешак, метарсад. Аммо филмҳои романтики формати 3D бисёр шавқангез аст…»

Аммо кинотеатри мазкур, ки тоза ба фаъолият шурӯъ кардааст, феълан танҳо ба пахши як филми тасвирӣ дар формати 3D машғул аст. Эркин Абдураҳмонов, намояндаи ширкати «Фароз», мегӯяд, ба даст овардани ҳаққи намоиши филмҳо дар формати 3D кори саҳл нест ва маблағи ҳангуфте мехоҳад.

Ҳамин филми тасвирии «Шрек навсегда» ҳам дар яке аз студияҳои Амрико ба забони русӣ тарҷума шуда, дастраси Кохи Лоҳутии Қӯрғонтеппа гаштааст. Ҳар як сеанси филми мазкур ҳудудан аз 40 то 60 тамошочиро ҷамъ мекунад, ҳарчанд дар ин ҷо барои нишасти 600 нафар ҷой омода шудааст.

Дар ҳоле, ки дар маркази вилояти Хатлон пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳама кинотеатрҳо хароб шуда, аз фаълият боз монда буданд, ифтитоҳи дубораи Кохи Лоҳутӣ дар Ёӯрғонтеппаро хуш пазируфтанд:

«Вақте айнакро ба чашм гузошта, вориди толор мешавӣ, фикр намекунӣ, ки дар кинотеатр ҳастӣ, тамоман ҳиссиёти дигар хел. Фикр мекунӣ, ки шоҳиди бевоситаи қаҳрамониҳои филм ҳастӣ. Мо солиёни зиёд дар Қӯрғонтеппа ягон кинотеатр надоштем ва ҳоло каме «ташнагӣ»-и худро шикастем. Фақат ҳамин нархаш агар арзонтар мешуд…»

«…Якумин бор филмеро ба ин шакл дидем. Бачаҳоро овардем. Албата, чиптааш камтар гарон аст, вале азбаски мо ҳеҷ вақт кинотеатр нарафта будем, маъқул шуд. Бачаҳо боз мехоҳанд бираванд ба тамошои Кохи Лоҳутӣ. Аммо ман ба онҳо фаҳмондам, ки то замоне маошамро нагирам, дигар имкони рафтан надорем. «Тоқат кунед» гуфтам…»

Қиммати чиптаҳо гарон аст

Ин ҳамсӯҳбати мо меафзояд, аммо қимати чиптаҳо, ки 15 сомонӣ, муодили 3 доллару 40 сенти амрикоӣ арзиш дорад, барои ӯ ва шояд бахши аъзами сокинон гарон мебошад.

Орзуи Карим, сокини дигари Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл камтар аз 20 доллари амрикоист, ӯ ва бахши аъзами шаҳрвандон ба худ иҷоза дода наметавонанд, ба тамошои филмҳо дар формати 3 D бираванд ва ӯ дар бештари маворид хариди диск аз фитафурӯшиҳои арзони бозорро аз рафтан ба кинотеатри гаронқимат афзал медонад:

«Фикр мекунам, мардум бештар дар хонаҳо тавассути ДВД-диск филм тамошо мекунанд ва ин як навъи маъмулии тафреҳи оилавӣ мебошад. Бо маблағи 15 сомонӣ, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл 80 сомонист, на ҳар оила, балки худи ман ҳам шароит надорам, ки биравам бо аҳли оилаам дар кинотеатр филм тамошо кунем. Беҳтараш ба ин 15 сомонӣ 5 сомонии дигар илова карда, як кило гӯшт бигирам, то як ҳафта хонаро таъмин кунам. Шояд беҳтар мебуд, ки ҳамин сарпарастон, соҳибкорон ва мансабдорон ба ҷойи бунёди чунин кинотеатрҳои гаронқимат боғҳои фароғатӣ, атраксионҳоро дубора фаъол кунанд, то шаҳрвандон фароғати хуб дошта бошанд. Аммо онҳо ин корро барои худашон камсуд меҳисобанд ва ҳама пулашонро ба бизнесҳои дигар сарф мекунанд…»

Ва аммо масъулини Кохи Лоҳутӣ, ягона кинотеатри формати 3 D дар Тоҷикистон, мегӯянд, барои ҷалби бештари тамошочиён ояндаи наздик аз силсилаи тадобири нав, назири поин бурдани қимати чипта, намоиши филмҳои нав, тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ ва пахши филмҳои истеҳсоли синамогарони Тоҷикистон кор гирифта хоҳад шуд. Ҳамчунин қарор аст, дар моҳҳои наздик дар Кохи Лоҳутӣ студияи нави дубляжи филмҳо таъсис дода шуда, тарҷумаи филмҳои серхаридори русӣ ва туркӣ ба роҳ монда шавад.

Муассисон мегӯянд, то ба имрӯз барои харид ва насби дастгоҳҳои муосир ва таҷдиди Кохи Лоҳутӣ наздики ду миллион сомонӣ масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG