Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирмуҳаммадзода: Ҳавои гарм набояд монеи рӯзадорӣ шавад


Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар мегӯяд, шоми рӯзи сешанбе сокинони мусулмон дар масоҷид намози таровеҳро хонда, субҳи рӯзи чоршанбе, рӯза мегиранд.

Ҳамин тавр, моҳи шарифи Рамазон, рӯзи 11-уми август, шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони кишвар рӯзадор хоҳанд буд.
Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими мусулмонӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд.
Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои муҳими ин моҳ будааст.

Аммо имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳоле фаро расид, ки аксари сокинон аз дамои ҳаво дар изтиробанд ва мегӯянд, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.

Оё шариати дини ислом дар ин бора сабукиҳое пешбинӣ кардааст ё не, суоле буд, ки мо аз рӯҳонии шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода пурсидем:

Нахустин намози таровеҳро дар масоҷиди Тоҷикистон шоми имрӯз, 10-уми авгст, мегузоранд
-Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон фарз аст. Соли дуввуми ҳиҷрӣ рӯза гирифтан дар ин моҳ фарз гардид. Ва ин моҳ моҳи табаррук низ ҳаст. Ин моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст. Худованд тавфиқ диҳад, ки мардуми мо рӯзадор бошанд. Изофа ба ин, бояд гӯям, Худованд ҳар як аҳкоми шариати худро чунон танзим сохта, ки ба бандагони ӯ зиён намерасонад.

Чунон ки Худованд, фармудааст, касе ки бемор аст ё дар мусофират аст, ба шумори рӯзҳои мусофират ва беморияш рӯза мегирад. Яхне дар моҳи Рамазон рӯза мехӯраду баъд аз он рӯза мегирад.

Ояти 185-и сураи Бақара ҳам мегӯяд, Худованд барои шумо хоҳони осонӣ буда, хоҳони душворӣ нест. Аз ин рӯ, иддаеро, ки рӯза гирифтан барояшон душвор аст, муваққатан озод кардааст, то рӯзаашонро бихӯранд. Аммо на ошкоро ва на дар пеши мардум, балки дар ҷойи пинҳонӣ.

-Баъзеҳои дигар дар идораҳои давлатӣ ва ё ширкатҳои мухталиф кор мекунанд, ки мегӯянд, корашон аз ҳад вазнину мушкил аст. Дар ҳаққи онҳо чӣ мешавад гуфт?

-Гап дар сари ин меравад, ки рӯзадорӣ низ дар навбати худ ҳикмат аст. Рӯзадорӣ танҳо худдорӣ кардан аз хӯрдану нӯшидан нест.
Вақте ки мо дар гармо ё сармо рӯза медорем, тафси оташи дӯзахро ба ёд биёрем, ки вақте қиёмат қоим мешавад, ба ғайр аз сояи раҳмати илоҳӣ дигар сояе нест. Ҳамон рӯзҳоро ба ёд оварда, бояд рӯза гирифт.

Рӯза худ имтиҳон аст. Як ҳадиси паёмбар низ ҳаст, ки мегӯяд: касе, ки аз барои Худо рӯза медорад, тоқат мекунад, аз имтиҳон мегузарад.
Барои ҳамин, ба шарте, ки мо мусофир нестем ва узр надорему бемор нестем, пас, бояд рӯза бигирем.

-Вале таври маълум миёни сокинони мусулмони Тоҷикистон ҳатто дар бораи чи хӯрдан ва чи нахӯрдан дар моҳи шарифи Рамазон низ матраҳ аст. Масалан, мегӯянд, дар ин моҳ бояд аз хӯрдани тухм худдорӣ кард. То чӣ ҳад ин назарҳо дурустанд?

-Ҳар он чизе, ки Худо бароятон ҳалол кардааст ва ҳар он чизе, ки дилатон мехоҳад, истеъмол кунед. Баъзеҳо ба инанд, ки хӯрдани тухм мумкин нест. Ин гапҳо сиҳҳат надоранд.

Муҳим ин аст, ки парвардигор тавфиқ диҳад, ки касеро озор надиҳем ва рӯзаро барои Худо бигирем. Як ҳадиси қудсӣ аст: рӯза барои ман аст,-мегӯяд,- Худо ва аҷзи онро ман медиҳам.
XS
SM
MD
LG