Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили кӯчак аз 20-солагии Ҳизби демократи Тоҷикистон


Гурӯҳе аз бунёдгузорон ва фаъолони Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар як нишасте дар шаҳри Хуҷанд аз 20-умин солгарди таъсиси ин ҳизб таҷлил карданд. Ҷаласа дар ҳоле баргузор мегардад, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳамоно ба ҷиноҳҳо тақсим буда, дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳим надорад. Бо вуҷуди ин, ширкаткунандагони маҳфил гуфтанд, фаъолияти ҳизби онҳо таҳаввулеро дар афкори ҷамъиятӣ эҷод карда, ба таҳкими ақидаҳои демократӣ дар ҷомеа сабаб гаштааст. Конфаронси муассисони Ҳизби демократии Тоҷикистон 10-уми августи соли 1990 бо талошҳои корманди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Шодмон Юсуф, ки акнун дар муҳоҷират ба сар мебарад, баргузор шудааст. Аз соли 1993 то 1998 фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи Оли Тоҷикистон мамнӯъ гашта буд.
XS
SM
MD
LG