Пайвандҳои дастрасӣ

700 кушташудаи ярч дар Чин


Шумораи кушташудагони сел ва ярч дар шимолуғарби Чин ба 700 нафар расид ва гурӯҳҳои наҷот ҳамоно зиёда аз 1000 нафари бенишоншударо меҷӯянд. Янг Йонг, кормади тиббии Маркази умури изтирорӣ дар вилояти Гансу имрӯз гуфт, хатари сирояти бемориҳо дар минтақаи офат бамаротиб фазоиш ёфтааст: "Рутубат ҳамаро фаро гирифтааст. Одамони зиёде мурдаанд ва пӯсиши ҷасади онҳо сар шудааст. Инчунин ҷасади ҳайвонот. Агар мо ҳоло пешгирӣ накунем, мумкин аст, ба зудӣ, бемориҳои сирояткунанда паҳн шаванд." Ярч се шаҳракро дар ин ҷо зери лойоб кардааст ва аз бузургтарин фалокатҳои даҳсолаҳои ахир дар Чин ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG