Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши гӯрковӣ барои сарбозони амрикоӣ дар Эрон


Фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мегӯяд, Теҳрон ба кофтани қабрҳои дастаҷамъӣ барои сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳамлаи онҳо ба Эрон оғоз кардааст. Маърака, зоҳиран, лофи далерие буда метавонад дар посух ба изҳороти сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаи Амрико, адмирал Майк Муллен, ки ҳафтаи гузашта гуфт, ҳарчанд ҳамла ба Эрон анодешаи бад аст, нақшаи чунин амал дар муқобили Эрон ҳамчун гузина сари миз мебошад. Амрико ва ҳампаймонҳояш Эронро айбдор мекунанд, ки зери пӯшиши барномаи осоиштаи ҳастаӣ мехоҳад, ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, аммо Теҳрон ин иттиҳомотро батакрор рад мекунад.
XS
SM
MD
LG