Пайвандҳои дастрасӣ

Фаттоҳ Саидов: хуруҷи собиқ додситони кулро манъ накардаем


Дар ҳоле ки расонаҳои хабарӣ аз мамнӯъулхуруҷ ва ё маҳрум аз ҳаққи сафар ба берун аз Тоҷикистон эълон шудани Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ додаанд ва гуфта мешавад, ин дастурро Оҷонси мубориза бо фасод содир кардааст, раиси ин оҷонс Фаттоҳ Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди ӯ як чунин дастуреро имзо накардааст. Қаблан, дар нишасити хабарии ҳафтаи гузаштааш низ, Саидов дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки оё парвандаи ҷиноие зидди Бобохонов боз шудааст, посухи манфӣ дода буд.
XS
SM
MD
LG