Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози Душанбе - Маскав аз сар гирифта шуд


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикайр» иттилоъ дод, ки хати сайри Душанбе – Домодедово, ки бинобар олудагии ҳавои Маскав қатъ шуда буд, дубора аз сар гирифта шудааст. Бар асари олудагии ҳаво, парвозҳо ба самти Маскав муваққатан қатъ шуда буд.

Лола Кенҷева, сухангӯи ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикайр» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки КВД «Тоҷикайр» барои рафъи мушкили ба миёномада тадбирҳо андешида, барои парвози мусофирони таъхирнамуда низ чора меҷӯяд.

- Ҳоло вазъ чигуна аст: хати сайр боз аст ва ё ҳанӯз баста аст?

Лола Кенҷаева: Хушбахтона вазъи ҳаво дар Домодево беҳбуд ёфтааст. Айни замон парвозҳо дар асоси ҷадвалҳои хати сайр дубора ба роҳ монда шудаанд. Алакай, аввалин парвоз ба шаҳри Москва сурат гирифт.

- Пас мусофироне ки дар рӯзҳои манъшуда чипта доштанд тақдири онҳо чӣ мешавад. Манзур, метавонанд аз ин чиптаҳо рӯзҳои дигар истфода кунанд ва ё маблағи чипта бозпас дода мешавад?

Лола Кенҷаева: Албатта, вақте парвоз ба таъхир афтод, онҳо имконият доранд, ки аз чиптаҳо боз ҳам истифода кунанд. Вақте иҷоза дода мешавад, онҳо метавонанд рӯзеро интихоб кунанд аз ин чиптаҳо истифода баранд ва парвоз кунанд. Дирӯз вақте парвози аввали ба роҳ монда шуд ва мусофироне, ки барои парвоз ба Маскав дар таърихи рӯзҳои 8 ва 9 август чипта доштанд, парвоз карданд.

Дигарон ҳам, яъне мусофироне, ки дар ин рӯзҳо чипта доштанд ва ҳоло дар дасташон аст метавонанд як рӯзро интихоб кунанд ва ба парвоз кунанд.

- Ҳоло вазъи ҳаво дар бархе аз шаҳрҳои Русия хуб нест. Бо дарназардошти ин вазъият, "Тоҷикайр" барои ҳифзи саломатии мусофирон ва иттифоқоти дигар чӣ барномае рӯи даст дорад?

Лола Кенҷаева: «Тоҷикйар» пайваста мекӯшад ки парвозҳоро сари вақт ва мунтазам ба роҳ монад. Вақте хати сайрҳо баста мешаванд мо мекӯшем, ки роҳҳои дигарро истифода барем.

Масалан агар вазъи ҳавои фурудгоҳи Домодева боиси мушкил шуд мо хати сайри фурудгоҳҳои дигари Москавро ба роҳ мемонем.
Агар дар инҷо ҳам мушкилие пеш омад, боз шаҳри дигар. Ба ҳар сурат, кӯшиш мекунем, ки сари вақт мусофирон ба ҷойи лозимаи худ бирасанд.
XS
SM
MD
LG