Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико барномаи сохтмони як тамрингоҳи низомӣ барои нерӯҳои Тоҷикистонро рӯи даст гирифтааст. Сохтмони ин тамрингоҳ, ки 10 миллион доллар ҳазина дорад, тирамоҳи соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Ин тамрингоҳи низомӣ дар минтақаи Қаратоғ, 45-километрии ғарби Душанбе, бунёд хоҳад шуд.

Расонаҳои хабарии Русия ин тасмими Амрикоро як навъ омодагӣ барои истиқрори пойгоҳи низомии ин кишвар дар оянда дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

Аммо Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин иддаоро беасос хонд ва гуфт: «Ин тамрингоҳ танҳо барои омӯзиши нерӯҳои низомии Тоҷикистон сохта мешавад ва дар ин иқдоми Амрико ҳадафи дигаре матраҳ нест. Ин марказ пас аз анҷоми сохтмон дар ихтиёри нерӯҳои низомии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт».

Ин дар ҳолест, ки тамрингоҳи низомӣ дар минтақаи Қаратоғ аз қабл вуҷуд дошт. Сафири Амрико гуфт, ки Амрико барои навсозии ин тамрингоҳ 9 миллион доллар ихтисос додааст. Ба гуфтаи ӯ, кӯмакҳои Амрико ба нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 29 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони Русия аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки шеваи таълими низомӣ дар ин тамрингоҳ имкон дорад дар оянда ҷойгузини усули русии омӯзиши низомӣ дар Тоҷикистон шавад.

Шеваи тамрини низомиёни тоҷик бетағйир мемонад

Женерол Абдулло Ҳабибов, коршиноси низомӣ ин иддаоҳоро бепоя медонад.Ҷаноби Ҳабибов афзуд:

«Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сад дар сад пайвастагӣ дорад бо силоҳу усул ва шеваҳои низомии артиши шуравии собиқ ва Русияи ҳозира. Сохтмони як маркази тамрингоҳ аз сӯи Амрико мумкин ба пеш рафтани воситаҳои тарбияи низомиёни Тоҷикистон кӯмак кунад. Лекин ин ягон таъсире барои тамоман тағйир додани усули тарбияи низомиёни Тоҷикистону тобеъ кардан ба усул ва шеваҳои омӯзиши низомии Амрикои надорад. Ин ба рафти омӯзиши неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсир расонида наметавонад».

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон узви паймони амнияти дастҷамъии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ аст. Ва бо Русия ҳарими ҳавоии муштарак дорад. Ва Русия ягона кишвари хориҷист, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро дорад.

Ва дар соли 2001 мақомоти Тоҷикистон бо ризояти Русия коридори ҳавоии худро барои неруҳои НАТО боз кард. Ва ба теъдоди ками неруи ҳавоии Фаронса иҷозат дод то дар фурудгоҳи ғайринизомии Душанбешаҳр мустақар шаванд. Ин бахши кумакрасонии фаннии низомиёни Фаронса иборат аз 3-то 5 фарванд ҷангандаи «Мираж» аст.

Ба эътиқоди бархе дигар аз таҳлилгарон, аксари кӯмакҳои низомӣ ва амниятии Амрико ба Тоҷикистон ба вазъият дар Афғонистон рабт дорад.

Барои мисол, сохтмони пули 1200 метри дар рудхонаи Панҷ, сохтмони гузаргоҳҳои гумрукӣ ва тавсияи марзи Тоҷикистону Афғонистон, навсозии хатҳои мухобиротӣ дар марз ва сармоягузорӣ дар сохтмони маркази зиддитеррористӣ неруҳои низомии Тоҷикистон дар ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар ин замина аст.

Ба гуфтаи ҳамин коршиносон, сохтмони маркази тамриноти низомӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Амрико низ ба вазъ дар Афғонистон рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG