Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи "Нерӯи сухан" дубора сабти ном шудааст


Ҳафтаномаи шинохташудаи Тоҷикистон, "Нерӯи сухан", ки панҷ сол пеш бо иттиҳоми истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз чоп афтода буд, дигарбора дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти номи шудааст. Сардабири он Мухтор Боқизода мегӯяд, шумораи аввали ҳафтаномаро аввали сентябр ба дасти хонандагон хоҳад расонд. "Нерӯи сухан" аз ҷумлаи нашрияҳое монанди "Рӯзи нав" ва "Одаму олам" буд, ки ба эътиқоди коршиносон зимни нашри матолиби шадидлаҳни танқидӣ чопи онҳо бо баҳонаҳои мухталиф қатъ гардид.
XS
SM
MD
LG