Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди сӯхтор ба марказҳои ҳастаии Русия


Сӯхторнишонҳо ва кормандони умури изтирории Русия талош доранд, иншооти ҳастаии ин кишварро аз сӯхтори ҷангал ва буттазорон эмин доранд. Рӯзи душанбе як сарбоз ҳангоми хомӯш кардани оташе, ки ба Маркази пажӯҳишҳои ҳастаии Саров наздик мешуд, ба ҳалокат расид. Мақомоти Русия мегӯянд, таҳдиди сӯхторро ба шаҳраки Снежинск дар Урал коҳиш додаанд. Дар ин ҷо маркази асосии тадқиқоти атомии Русия ҷойгир аст. Сӯхто ноомодагии ниҳодҳои Русияро ба чунин фалокати густарда намоиш дод. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, хомӯш кардани сӯхтор дар Люксембург ба маротиб осонтар аст, то дар Русия. Дар ин байн дуди ғализ парвози чандин ҳавопаймои Тоҷикистонро ба Маскав ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG