Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зери амри мақомоти тафтиш гузаштани дороиҳои Бобохонов


Бино бар хабари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон амволу дороии марбут ба Файзулло Бобохонов, додситони пешини ноҳияи Ҳисор ва фарзанди Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон ҳабс шудааст. Дар намоиши телевизионӣ гуфта шуд, манзил ва заминҳои мутааллиқ ба Файзулло Бобохонов дар Душанбе, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Рӯдакӣ ва мошинҳои ӯ дар ихтиёри мақомоти тафтишотӣ мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ӯ баъд аз истеъфои падараш аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG