Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нави зидди қочоқи инсон дар Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, Оҷонси байнулмилалии рушди Амрико дар ин кишвар барномаи нави мубориза бо қочоқи инсонро шурӯъ кардааст. Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе гуфт, ин барнома се сол идома карда, барои иҷрои он 1 миллиону 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида танҳо дар соли 2009 дар даҳҳо кишвари ҷаҳон барномаҳои мубориза алайҳи тиҷорати инсонро ба маблағи 84 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG