Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳалокати ғайринизомиён дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳалокати шаҳрвандони осоишта ва захмӣ шудани онҳо дар низои Афғонистон дар шаш моҳи аввали имсол 31 дарсад афзоиш ёфта, аз чор се ҳиссаи ин афзоиш кори дасти нерӯҳои зиддиҳукуматист. Стаффан Де Мистура, фиристодаи аршади Созмони Милал дар Афғонистон имрӯз ҳангоми муаррифии ин гузориш изҳори таассуф кард, ки талафоти ҷонии ин низоъ пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Бино бар ин гузориш дар дар шаш моҳи аввали имсол наздик ба 1 300 афғон кушта ва қариб 2 000 нафар захмӣ шудаанд. Созмони Милал мегӯяд, нерӯҳои зиддиҳукуматӣ масъулияти 76 дарсади ин ҳодисаҳоро дар дӯш дошта, 386 ҳодиса ё 12 дарсади онҳо аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва тарафдори ҳукумат ба вуқӯъ пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG