Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори даҳҳо ҳазор нафар аз ҳушдор сел дар Покистон


Чаҳоряк миллион нафар пас аз ҳушдори сели мақомоти Покистон аз шаҳри марказии ин кишвар ва навоҳии атрофи он фирор карданд. Ин ҳушдор аз тариқи баландгӯякҳо дар масҷидҳои Музаффаргар, шаҳре дар аёлати Панҷоб садо дода, 250 000 нафарро маҷбур кард, ба теппаҳои атрофи шаҳр паноҳ баранд. Кормандони хайрияи Созмони Милал мегӯянд, шумораи афроде, ки аз сел осеб дидаанд, дар ду ҳафтаи ахир ба 14 миллион нафар расидааст, ки аз шумораи якҷояи офатзадагони тӯфон ва мадду ҷазр дар уқёнуси Ҳинд дар соли 2004, заминларзаи Кашмир дар соли 2005 ва зилзилаи Ҳоитӣ дар соли 2010 бештар аст, ҳарчанд теъдоди кушташудагон дар ин ҳодисаҳо зиёдтар будааст. Дар обхезиҳои Покистон ба сурати умум 1500 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG