Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар татбиқи барномаи ҷадиди мубориза бар зидди қочоқи инсон дар Тоҷикистон , ки се солро дар бар мегирад, саҳм хоҳад гирифт.

Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар расми муаррифии ин барнома гуфт, ҳукумати Амрико барои аз байн бурдани меҳнати иҷборӣ, истисмори шаҳвонӣ ва ғуломдории муосир дар саросари олам худро муваззаф медонад.

Вай афзуд, барномаи ҷадид дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират омода шудааст:
«Ҳадафи муштараки мо ҷилавгирӣ аз қочоқ ва дифоъ аз қурбониёни он аст. Ин барнома кор дар ҷамоатҳои дурдуст ба хотири боло бурдани огаҳии мардум тақвият ва низ таъмини зарардидагон бо паноҳгоҳро дар назар дорад».

Сафири Амрико дар Тоҷикистон афзуд, барномаи ҷадид 1 миллиону 100 ҳазор доллар ҳазина дорад, ки барои фаъолиятҳои Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи қочоқи инсон аз сӯи Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико ё USAID сармоягузорӣ мешавад.

Барномаи ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи иқдомоти ин кишвар аст, ки дар саросари ҷаҳон дар мубориза алайҳи қочоқи инсон гирифта мешавад. Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, ҳукумати Амрико дар ин самт танҳо соли 2009 дар 80 кишвари ҷаҳон 168 барномаро ба маблағи 84 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Кӯмаки навбатии Амрико ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида соли 2009 дар гузориши вазъи қочоқи инсон дар ҷаҳон, кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳви ба истилоҳ “ғуломфурӯшии муосир” нокофӣ хонда буд. Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон дар феҳрасти таҳти муроқибати Амрико қарор дорад.

Тоҷикистон соли 2003 дар Кодекси ҷиноиаш аввалин дафъа моддаи 130 — қочоқи инсонро ворид кард. Соли 2005 ба манзури ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят Кумиссиюни байниидоравии мубориза бар харидуфурӯши инсон ташкил шуд.

Абдусаттор Раҷабов, сарвари ин Кумиссиюн гуфт, қочоқи инсон ҷинояти фаромиллӣ аст ва Тоҷикистон ба кӯшишу кӯмакҳои Амрико дар ин самт эҳтиром мегузорад:
«Дар натиҷаи сармоягузории сафорати Амрико, моҳи феврали соли равон сафари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба шаҳри Дубай сурат гирифт, ки маълумоти муфидеро дар бораи харидуфурӯши одамон ба даст овардем, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардем ва теъдоди муайяни ҷабрдидагон ба ватан баргардонида шуданд».

Оқои Раҷабов гуфт, дар мубориза алайҳи қочоқи инсон, ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон аз таҷрибаи Амрико, Туркия, Русия, Белорус, Австрия ва Руминия истифода мекунанд.

Ҳамчунин дар назди Раёсати мубориза бар ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шӯъбаи махсуси мубориза бо қочоқи инсон ташкил ёфтааст, ки Шариф Назаров, сарвари ин раёсат мегӯяд, дар соли равон 5 парванда ба додгоҳ ирсол кардааст.
«Соли гузашта як парванда буд. Аммо ин панҷ парванда бар асоси ҷиноятҳое шурӯъ шуда, ба додгоҳ расидаанд, ки дар солҳои 2007 то 2009 содир шудаанд»

Оқои Назаров гуфт, 7 парвандаи тиҷорати кӯдак дар баррасиҳои раёсаташ буд, ки волидайн аз ӯҳдаи нигоҳубини кӯдак набаромада, ба маблағҳои 500 сомониву 100 доллар фарзанди худро фурӯхтаанд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, ягона ниҳоди байнулмилалист, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва созмонҳои маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ ва ҳимоят аз қурбониёни тиҷорати инсон 5 барномаи миллӣ ва 2 минтақавиро амалӣ кардаву мекунад.

Зейнал Гаҷиев, раҳбари ин ниҳод дар Тоҷикистон мегӯяд, бештар ҷавонон ва табақаи осебпазири кишвар ба ин тиҷорат ҷалб мешаванд ва аз ин хотир, маҳз онҳо манбаъи фаъолиятҳои тарғиботӣ ба шумор мераванд.

Вай афзуд, ниҳодаш аз соли 2005 ба ин сӯ барои таҷдиди саломатӣ, бозгашт ба ватан ва зиндагии муқаррарии беш аз 250 нафар дар Тоҷикистон кӯмак кардааст:

Тибқи иттилоъи Созмони байнулмилалии муҳоҷират, дар ду паноҳгоҳ, қурбониёни тиҷорати инсон дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, 186 зан ва 66 мард кӯмак гирифтаанд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират Тоҷикистонро дар ҷумлаи кишварҳое ворид кардааст, ки занҳояш ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ӯзбакистон ва Эрон барои истисмори тиҷоратии шаҳвонӣ ва мардонаш ба Русия барои меҳнати маҷбурӣ дар сохтмону саноат қочоқ мешаванд.

Тибқи ин манбаъ, онҳо ба мақарри ниҳоӣ, аз тариқи Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Русия мерасанд ва бачаҳо ва духтарон дар дохил ба меҳнати иҷборӣ, ғуломӣ, кисабурӣ ва гадоӣ ҷалб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон фаъолиятҳои созмонҳои байнулмилалу маҳаллӣ ва мақомоти Тоҷикистонро номуассир мехонанд. Маъруфи Бобораҷаб, коршиноси тоҷик мегӯяд, мавзӯъ кам ё зиёд будани кӯмакҳои хориҷӣ нест, балки манбаъи дохилӣ аст, ки аз фақр маншаъ мегирад:
«Имрӯз дар дохили мамлакат ҳам ин тиҷорат авҷ дорад. Аз касе пӯшида нест, ки нафароне минҳайси миёнарав аз ин тиҷорат сармоя ҷамъ мекунанд. Онҳо аз тиҷорати духтарони мо даромад мегиранд. Чаро ягон иттилоъе нест, нафаре дастгир нашудааст? Ҳар бегоҳ ба шаҳр биёед, назди меҳмонхонаҳоро бинед».

Яке аз иттиҳомот дар мавриди қочоқи инсон дар Тоҷикистон дар парвандаи Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон буд, ки ба қавли додситонии кулли Тоҷикистон, исботи худро наёфтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG