Пайвандҳои дастрасӣ

Як чиноӣ бо мошин корманди пулиси тоҷикро пахш кард


Тибқи хабарҳои матбуотӣ, як шаҳрванди 34-солаи Чин бо номи И Ши Ан, ки муваққатан дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба сар мебарад ва дар нақби Шаҳристон кор мекунад, дар 193 километрии роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ корманди пулиси ноҳияи Шаҳристон Дустмурод Аминовро бо мошин пахш кард. Дустмурод Аминов дар канори роҳ меистод ва кори худро пеш мебурд. Дар ин ҳодиса корманди пулис ҷароҳат бардоштааст ва ба бемористони ноҳия интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG