Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳандиси амрикоӣ барои фурӯши асрор ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи федеролии Амрико Ношир Говадия-муҳандиси таҷҳизотеро, ки ҳавопайморо аз назари дастгоҳҳои радар пинҳон медорад, маҳкум ба зиндон кард. Ин дастгоҳҳо дар бамбафкани Би 2 насб мешавад. Вай маълумоти махфиро ба Чин фурӯхтааст ва Чин ҳам тавонистааст, мушакҳои парвозкунанда ихтироъ кунад. Ношир Говадия барои фурӯши таҷҳизот аз Чин 110 000 доллар гирифтааст. Вай ин пулро барои пардохти ҳақи хонаи чандмиллион долларии худ дар соҳили уқёнус сарф кардааст. Говадия аз октябри соли 2005 ба ин сӯ дар дар зиндон нигаҳдорӣ мешуд. Ба гуфтаи додситонҳо, ин марди 67 сола нақшаҳо ва компонентҳои мушакҳои болдорро ба Чин додааст ва сипас тавоноии онро дар муқоиса бо мушакҳои ҳаво ба ҳавои Амрико нишон додааст.
XS
SM
MD
LG