Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс кормандони вазораташро коҳиш медиҳад


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико эълон кард, ки вай тақрибан 50 мақоми генералӣ ва дарёсолор ё адмиралҳоро дар фармондеҳии аслии артиш ихтисор мекунад. Барои сарфаҷӯи аз маблағ ва таҷдиди нируҳо вазири дифоъ як силсила тадбирҳоеро эълон кард, ки ҳадафи он пешгирӣ аз афзоиши кормандон дар вазорат, дар ситодҳои артиш, дар ожонсиҳои дифоъ ва воҳидҳои иктишофии артиш мебошад. Вай гуфт, дастур додааст, ки сармоягузорӣ дар хадамоти қарордодиҳо дар давоми се соли оянда ҳар сол 10 дарсадӣ коҳиш ёбад. Аз соли 2000 ба ин сӯ будҷаи низомии Амрико тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст ва ҳоло ба 700 миллиард доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG