Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости президенти Тоҷикистон дар остонаи Рамазон


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми худ ба мардуми кишвар ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон аз соҳибкорону тоҷирон хост арзиши маводи хӯрокиро дар бозорҳои Тоҷикистон боло набаранд. Вай ҳамчунин аз мардум даъват кардааст, ки бо назардошти поин омадани ҳосили ғалла дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои содиркунандаи ғалладона барои ду сол масорифи ғаллаи худро захира кунанд. Раиси ҷумҳур ҳамчунин даъват кард, ки мардум ба исроф роҳ надиҳанд ва саъй кунанд соле бо истифода аз имконоти боду ҳаво ва иқлими маҳал аз замин ду ё се ҳосил ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG