Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Медиа-Алянс": Қонуни алтернативии матбуот таҳия мешавад


Иттиҳодияи рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо номи "Медиа-Алянс" гуфтааст, дар даҳ рӯзи оянда пешнависи алтернативии "Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон"-ро таҳия ва дар нашрияҳои ин иттиҳодия ба нашр хоҳад расонд. Дар ин бора Хуршеди Атоулло-сардабири нашрияи "Фараж" ва дабири кулли тозаинтихоби "Медиа-алянс" дар ҷаласаи навбатии ин ниҳод хабар дод. Ин ниҳоди мустақил мегӯяд, "Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон" дар баъзе моддаҳо такмил ва тавзеҳот мехоҳад. Дабири кулли ин ниҳод ҳар ду сол каси дигар интихоб мешавад. То ҳол ин мақомро Зафар Абдулло-раҳбар ва муассиси хабаргузории мустақили "Авеста" бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG