Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акбари Ганҷӣ қаҳрамони оздии матбуот дар ҷаҳон эълон шуд


Акбари Ганҷӣ-рӯзноманигори маъруфи Эрон ва норозии сиёсӣ аз сӯи Пажуҳишгоҳи Байналмиллалии Матбуот қаҳрамони озодии матбуот дар ҷаҳон эълон шуд. Вай барои ҷасорату шуҷоати кориаш дар Эрон ба дарёфти ин унвони ифтихорӣ ноил омадааст. Ганҷӣ барои силсислаи мақолаҳои соли 1999-аш 6 сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар ин силсиламақолаҳо вай дасти ҳукуматдорон дар сӯиқасдҳо ба ҷони рӯшанфикрону норозиёни сисёсӣ дар солҳои 1980-ӯм ва 1990-ӯмро ба қалам дода буд. Ганҷӣ навиштаҳои худро дар зиндон низ идома дод ва китоберо бо номи "Торикхонаи ашбоҳ" ба нашр расонд ва он ба пурфурӯштарин китоб табдил шуд. Ин навиштаҳо сабаби мағлубияти номзадҳои муҳофизакорон дар интихоботи соли 2000 шуд. Ганҷӣ соли 2006 аз зиндон раҳо шуд ва билофосила Эронро тарк кард. Китоби нахустини вай ба забони инглисӣ дар соли 2008 бо номи "Роҳ ба сӯи демократия дар Эрон" ба нашр расид.
XS
SM
MD
LG