Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Талко” бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар ниҳоят, натиҷаҳои аудити деринтизори худро нашр кард, ки дар онҳо фаъолиятҳои сесолаи молии ширкат муҳосиба шудааст. Ин гузориш дар вебсайти расмии Талко қобили дастрасист.

Аудити фаъолиятҳои молии “Талко” дар солҳои 2006, 2007 ва 2008 ки аз сӯи ширкати бритониёии “Стивен Муур”, анҷом шудааст, дар вебсайти ширкати “Талко” қобили дастрасист.

Аммо ширкати “Талко», ки барои адами шаффофият дар фаъолиятҳои молиаш бисёр интиқод шудааст, шакли ихтисоршудаи аудитро нашр кардааст.

Дар аудит аз баҳси додгоҳии корхона бо ширкатҳои миёнарав аз ҷумла “Ансол” ишора шуда ва омадааст, ки барои хадамоти додгоҳӣ ширкати Талко “маблағи бузургеро” пардохт кардааст.

Ширкати Ҳерберт Смиф, ки аз ҳуқуқи Талко дар додгоҳи Ландан ҳимоят мекард, дар гузашта ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки дуруст аст, ки барои хадамоти ҳуқуқӣ "Талко" бештар аз 100 миллион доллар пардохт кардааст, гуфт, “ба эътирофи Талко, хароҷоти ҳуқуқӣ ва дигар пардохтҳои марбут, барои барқарории санъати муввафақи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон зарур буд.”

Дар яке аз муҳосиботи ширкат омадааст, “Талко” ва ширкати Си Ди Эйч Инвестмент Корпорейшн соли 2009 тавофуқ карданд, ки ин ширкат то 31 декабри соли 2014 бештар аз Талко 399 миллион сомонӣ ё ҳудуди 90 миллион доллар қарзи худро талаб нахоҳад кард.

Аудити фаъолиятҳои молии ширкати “Талко”, бо талаби Сандуқи Байналмилалии Пул сурат гирифт, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дар ивази кӯмакҳои молии он ниҳод, фаъолияти корхонаҳои азими давлатиро шафоф кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG