Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Тоҷикистон аз мансубияти се боздоштшуда


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҲИУ ҳудуди 40 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дорад.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҲИУ ҳудуди 40 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ба шаҳрванди ин кишвар будани се нафаре, ки дар вилояти Қундузи Афғонистон бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, шубҳа дорад. Консули Тоҷикистон дар Қундуз вазифадор шудааст, қазияро таҳқиқ кунад.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, барои бартараф кардани шубҳаву гумонҳо консули Тоҷикистон дар Қундуз вазифадор шудааст, қазияро таҳқиқ кунад:

«Сабти онҳо, ки дар расонаҳо пахш шуд ва ному фамилияашон шубҳа ба бор овардааст. Барои дақиқ гуфтан, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, таҳқиқи дақиқ мебояд. Зеро онҳо метавонанд, шаҳрвандони дигар кишвар бошанд, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир мо ягон аснод дар даст надорем, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд».

Боздоштшудагон дар Қундуз яке худро Муҳаммаднаим, филмбардор, дигарӣ, Муҳаммадтоҳир писари Муҳаммадзоҳир, зодаи шаҳри Душанбе муаррифӣ кардаанд.

Исми саввумӣ зикр намешавад. Ҳардуи аввалӣ шиносномаҳои, ба қавли мақомоти Афғонистон, ҷаълии афғонӣ доранд, ки аз вилоёти Тахору Қундуз дастрас кардаанд ва саввумӣ, аслан, ҳуҷҷате надорад.

Далели дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будани ин се нафарро таҳти шубҳа қарор додааст, бо лафзи дарӣ сӯҳбат кардани онҳост.

Коршиносон мегӯянд, шубҳаи мақомот дар мавриди исму лаҳҷаву шахсияти ин афрод ноҷо нест, аммо дар Афғонистону Покистон ин тарзи номгузорӣ роиҷ аст ва агар форсӣ сӯҳбат шавад, бо лаҳҷаи дарӣ бояд ҳарф зад.

Дуввумин мавриди боздошти тоҷикон?

Аммо Ҷалолиддини Маҳмуд, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, онҳоро зарур меояд, ки ба ин шароит мутобиқ шаванд. Ӯ афзуд: «Ба тақозои шароит барои худ ному лақаб ҳам интихоб кардаанд».

Ин дуввумин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон тайи ду моҳи охир аст. Моҳи июн шахсе бо номи Илёс Каримов дар Кобул, пойтахти Афғонистон боздошт шуда, худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда буд.

Нуктаи дигаре, ки дар изҳороти мақомоти Афғонистон омада ва шубҳа барангехтааст, ин аст, ки гӯё дар ҳудуди вилояти Бағлон аз ҷумлаи тоҷикон ҳудуди 30 то 40 тан пайи иҷроиши фармудаҳои Тоҳири Юлдош ҳастанд.

Давлат Назриев мегӯяд, ин нукта низ таҳқиқ мехоҳад, зеро дар сафҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки дар изҳороти мақомоти Афғонистон зикр мешавад, умдатан шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳастанд.

Роҳгумзадаҳо дар роҳи бозгашт

Аммо Ҷалолиддини Маҳмуд мегӯяд, онҳо шояд аз ҷумлаи собиқ ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бошанд, ки дар ин муддат ба воя расидаанд ва роҳи бозгашт ба ватанро дар сафи созмонҳои террристӣ Покистон гум кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварҳои он сӯи Ому намондаанд.

Ӯ гуфт, иддае аз мардуми ифротиву террористмаоб аз ин тарафи Ому мехоҳанд дар равандҳое, ки дар Афғонистону Покистон мегузарад, ширкат кунанд:

«Он ҷо буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба кӯмаки Толибону Ал-Қоида тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон ба Покистон мераванд. Рафтанду боз мераванд».

Муҳаммадсабури Бухорӣ аз Қаротегин кист?

Ваҳиди Мужда, аз кормандони вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар замони Толибон мегӯяд, ширкати тоҷикони Тоҷикистон дар суфуфи танзимҳои низомии исломӣ таърихи дуртар дорад:

«Дар даврони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ман як касеро мешинохтам бо номи Мавлавӣ Муҳаммадсабури Бухорӣ. Худи ӯ аз Қаротегини Тоҷикистон буд. Аммо дар замони Толибон бо ӯ дар Кобул вохӯрдаму сӯҳбат доштам. Ӯ дар шаҳри Кобул як маркази фарҳангиеро бо номи Бухоро ташкил дода буд, ки аз сӯи Тоҳир Юлдошев пуштибонӣ мешуд».

Оқои Мужда гуфт, раҳбарияти Толибону Ал-қоида ҳанӯз дар соли 2006 Тоҳир Юлдошевро амиралмӯъминини он сӯи Ому, манзур аз Осиёи Марказӣ то Русияву Чин таъин карда буданд, аз ин хотир, ба таври худкор мардуми ин кишварҳо баробари уфтодан дар Покистон таҳти пуштибонии раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, коршарики Толибону Ал-қоида меафтанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон аз боздошт ва маҳкумияти аъзои тоҷики Ал-қоида низ иттилоъ дода буданд.
XS
SM
MD
LG