Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбанд ва Кӯҳдоман: Зиндагӣ бе шиноснома ва сабти ном


Сокинони бархе аз маҳалҳои наздимарзии вилояти Суғд дар ноҳияҳои Спитамен ва Ғончӣ, ҳуқуқҳои комили шаҳрвандии ҳеҷ яке аз ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистонро надоранд.

Онҳо бо тақозои мақомоти ин давлатҳо ба душвории интихоби ивази шаҳрвандӣ ё тарки кишвари зист рӯ ба рӯянд.

Деҳкадаҳои Платина (Сарбанд) ва Горний (Кӯҳдоман), воқеъ дар ҳошияи ноҳияи Спитамен ва канори обанбори Фарҳод ҳамин гуна як деҳҷазира байни қаламравҳои ин ду давлат аст. Ин ду маҳал аз рӯи харитаи марзи комиссияи байнидавлатӣ аз соли 2007 аз нигоҳи ҷуғрофӣ ҷузъи қаламрави Тоҷикистон ҳисобида шудаанд, аммо аз нигоҳи маъмуриву идорӣ дар тобеъияти Узбакистон қарор доранд.
Ахиран вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки баҳси Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди обанбори "Фарҳод", воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муваққатан аз рӯзномаи масъалаҳои миёни ду кишвар бардошта шудааст.

Ин баҳс ба ҷараёни тақсиму аломатгузории марзи муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон рабт мегирад, ки дар ҳоли ҳозир рӯйи 140 километри марзи баҳснок тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Душвориҳои сокинони ин маҳал аз номуайянии хати марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон рӯидааст ва онҳо бо интизории ҳалли он зиндагӣ ба сар мебаранд.

Халқҳои гуногун, мушкилоти умумӣ

Сокинони деҳоти Сарбанд ва Кӯҳдоман мегӯянд, надоштани ҳуқуқи комили яке аз ду кишвар зиндагии онҳоро маҳдуд кардааст
Сокинони деҳкадаҳои наздимарзии Платина ва Горний мегӯянд, ки надоштани ҳуқуқи комили шаҳрвандии яке аз ду кишвар - Тоҷикистон ё Узбакистон зиндагии онҳоро маҳдуд кардааст: на шиноснома гирифта, на молу мулки худро ба қайди расмии давлатӣ гузошта наметавонанд.

Норӯшании тааллуқоти ин маҳалҳо зоҳиран ҳам зуд ва аҷиб ба чашм мерасад, номи кӯчаву маҳалҳо, ягона мактаб ва боғчаи кӯдакона бархе ба забони узбакӣ ва ҳарфҳои лотинӣ ва теъдоде ба тоҷикӣ ва ҳуруфи кирилӣ навишта шудааст.

Дар ин 2 маҳал ҳудуди 3.5 ҳазор сокинони тоҷику узбак ва теъдоди каме тотор дар кӯчаву гӯзарҳои паҳлуи ҳам ба сар мебаранд ва мушкили онҳо ҳам ба ҳам монанд аст .

Фирӯз Солеҳов – як сокини ҷавони деҳкадаи Горний дар суҳбат ба Озодӣ гуфт: «Мақомоти ҳар ду ҷониб, ҳам Тоҷикистон, ҳам Узбакистон мегӯянд, ки ҳуқуқи шуморо ба қайди расмӣ гузоштан надорем. Мегӯянд, ки ба ин кор иҷозат надоранд. Мо ба идораи сабти замину манзил (НБТИ) – и ноҳияи Спитамен муроҷиат кардем, аммо замину хонаи моро ба қайди расмӣ нагирифтанд.»

Деҳкадаҳои Платина ва Горний дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта, замони бунёди обанбори Фарҳод барои обёрии заминҳои Узбакистон, дар ноҳияи Спитамен бунёд гаштааст.

Интихоб: Ивази шаҳрвандӣ, ё тарки маҳалли зист


Ин деҳкадаҳои Платина ва Горнийро пули рӯди Сир бар болои обанбор аз ҳам ҷудо мекунад. То оғози солҳои навадуми асри гузашта, замони касби истиқлоли ин давлатҳо, сокинони ин маҳалҳо аз рӯи ихтиёри худ шаҳрвандии Узбакистон ё Тоҷикистонро мепазируфтанд. Аммо дар рӯзҳои мо сокинони ин маҳалҳо аз ин ҳуқуқҳо маҳрум шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон кӯшиш доранд сокинони ин минтақаи баҳснокро ба ҷониби худ кашанд ва шаҳрвандии худро бипазиронанд.

Ду сол пеш мақомоти Суғд пешниҳод кард сокинони деҳкадаҳои Платина ва Горний ё шаҳрвандии Тоҷикистонро бипазиранд ё тарки Тоҷикистон кунанд. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби сокинони узбак истиқболи гарм наёфт. Онҳо мегӯянд, ки аз рӯи тобеъияти шаҳрвандӣ ва ҷойи кори пешинаи худ маош ва нафақаҳояшонро асосан аз Узбакистон дарёфт мекунанд. Пазируфтани шаҳрвандии Тоҷикистон боиси коҳиши нафақаҳояшон мегардад, ҳамчунин онҳоро аз имтиёзоте дар истифода хадамоти манзил маҳрум мегардонад.
Идораи ин маҳалҳоро мақоми худвижаи «кумита» бар дӯш дорад.

Деҳкадаи Платина - ҷазирае дар хушкӣ

Дар ҳоли ҳозир сокинон иҷозаи равуои озодона ба қаламраҳои Тоҷикистону Узбакистон надоранд ва дар маҳали худ чун дар ҷазирае ба сар мебаранд.

Дилбар Маманазарова – сокини деҳкадаи Платина мегӯяд:«Барои аз қайди никоҳ гузаштани фарзандони мо ҳам идораи ЗАГС қайди ҷои истиқомат талаб мекунанд. Масалан, мо як ҷавони тоҷикро домод карданӣ шавем, аз вай сабти ном дар Узбакистонро талаб мекунанд ё баракс. Ғайр аз сабти ном боз шиносномаи хориҷӣ гирифтанро ҳам шарт мегузоранд. Ин кор дар Тошканд ё Душанбе ҳал мешавад ва аз мо заҳмату вақт ва хароҷоти зиёд талаб мекунад.»

Сокинони Платина ва Горний ҳақ доранд бидуни раводид аз гузаргоҳи расмӣ то 60 киламетр ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар ворид шаванд. Аммо сар аз оғози соли равон Узбакистон гузаргоҳи худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври якҷониба баст.

Дар шароити муайян ва нишонгузорӣ нашудани хати марзи байни Узбакистон ва Тоҷикистон дар маҳали мазкур мақомоти ҳар ду кишвар ягон роҳи барои ҳар ду ҷониб ва кулли сокинон писанди ҳалли душвории зистро пайдо ва пешниҳод накардаанд.

Дар мактабҳои деҳаи Сарбанд мактабҳо хатти ягона надоранд. Бархе аз онҳо бо хатти лотинии узбакӣ ва иддае бо хатти сириллики тоҷикӣ таълим медиҳанд
Бемактабӣ ва душвории дастрасӣ ба забони тоҷикӣ

Ягона мактаби миёнаи деҳкадаи Платина узбакӣ буда, дар он таълим аз рӯи барномаҳои таълимии Узбакистон ва бо ҳуруфи лотинӣ сурат мегирад. Чизе, ки ба хости тоҷикони маҳал мувофиқ нест ва аз супурдани фарзандонашон худдорӣ мекунанд. Фирӯз Солеҳов – сокини деҳкадаи Горний: «Ҳар кас кӣ шароит дорад, фарзандонашро ба мактаби тоҷикӣ мебарад, ки 6 - 7 километр дур аст. Агар не, бачаҳои тоҷик дар ҳамин мактаби узбакӣ ба хати лотинӣ хондан мегиранд. Мо чанд маротиба ба ҳукумати ноҳияи Спитамен муроҷиат кардем, аммо ин мушкили моро ҳал накарданд.»

Ба навбати худ Дилбар Маманазарова – сокини узбактабори деҳкадаи Платина мегӯяд, вай чаҳор фарзанд дорад ва чун дар канори тоҷикон зиндагӣ дорад, мехоҳад фарзандонаш дар мактаб имкони омӯзиши забони тоҷикӣ низ дошта бошанд. Вай мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон метавонист дар ин маҳал мактаби тоҷикӣ боз кунад, аммо ба сабаби ба сокинон номаълум то ҳол ин корро накарданд: «Маҷбурем пул сарф карда, ҳар рӯз фарзандонамонро ба мактаби дури тоҷикӣ барем. Дар чунин шароит кӣ ҳаваси ба тоҷикӣ хондан мекунад? Ба мактаби мо муаллими тоҷикӣ диҳанд намешавад?»

Хонум - Маманазорова афзуд, агар хати марз аз канори манзили вай бигзарад ва ҳарчанд вай ва шавҳараш шиносномаҳои Узбакистон доранд, аз маконе, ки солҳои тӯлонӣ зиставу дил бастаанд, намехоҳанд кӯч банданд. Ба қавли вай, «дарахт дар як ҷой месабзад.»

Идораи маорифи Спитамен чӣ мегӯяд?


Муаттара Убайдуллоева – мудири маорифи ноҳияи мазкур дар як суҳбати қаблии телефонӣ бо РО таъсис нашудани мактаби тоҷикӣ дар ин маҳалро боз ҳам ба муайян нашудани хати марз дар ин маҳал марбут аст. Хонум – Убайдуллоева афзуд, мактаби ягонаи маҳал низ ба вазорати маорифи Узбакистон итоат мекунад ва ҷониби Тоҷикистон натавонист ба барномаҳои таълимии он дигаргунӣ дохил намоянд.

Сокинони калонсоли ин маҳалҳо мегӯянд, сиёсати давлатҳо намегузорад фарзандонашон забони ҳамдигарро аз курсиҳои мактабӣ омӯзанд ва қаробати маънавию фарҳангии худҳоро таҳқим бахшанд.

Зимнан, ягона хонаи фарҳангии харобу дарбастаи ин маҳал, ки ба назар мерасид, дар 10 – 20 соли ахир касе дари онро боз накардааст, мушкили фарҳангии сокинони ин маҳали наздимарзиро ба забони ҳол бозгӯ мекард.
XS
SM
MD
LG