Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу дар ҳузури кумиссиёни махсус шаҳодат дод


Бенямин Нетаняҳу, нахуставазири Исроил, имрӯз дар мавриди юриши маргбор ба киштии кӯмакрасон барои Навори Ғазза, дар ҳузури кумиссиёни махсуси таҳқиқи ин юриш шаҳодат дод. Дар ин юриш нӯҳ шаҳрванди Туркия ва ҳомии фаластиниён ба ҳалокат расиданд. Бенямин Нетаняҳу гуфт, нерӯҳои кишвараш ба ғайр аз тирандозӣ ба сӯи ин афрод илоҷе надоштанд, зеро фикр кардаанд, ки ҷонашон дар хатар аст. Ӯ иддаъо кард, ки амалкардҳои Исроил хилофи қонунҳои байналмилалӣ набудааст. Бриши 31 майи нерӯҳои махсуси Исроил ба шаш киштӣ, ки мехостанд муҳосираи Навори Ғазза аз тарафи Исроилро рахна кунанд, боиси эътирози ҷомеаи байналмилалӣ ва тирагии равобит миёни Исроил ва Туркия шуд.
XS
SM
MD
LG