Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавои "кушанда" маргу мир дар Маскавро афзудааст


Як мақоми баландпояи беҳдоштии Маскав гуфт, гармии бесобиқа мизони маргумири рӯзона дар пойтахти Русияро тақрибан ду баробар боло бурдааст. Андрей Селтковский, раиси раёсати беҳдошти шаҳрдории Маскав, имрӯз гуфт, фавти 360 то 380 нафар дар як рӯз дар шаҳр мизони муқаррарӣ аст, аммо ҳоло рӯзона то 700 нафар фавт мекунад. Ӯ афзуд, дар сардхонаҳои Маскав, ки 1500 ҷой дорад, танҳо 200 ҷой боқӣ мондааст. Баёнияи Андрей Селтовский, сукути тӯлонии мақомоти Русияро шикаст, ки то ин замон дар мавриди таъсири манфии гармии бесобиқа ва дуди ҷангалсӯзиҳо ба мизони маргумир чизе намегуфтанд.
XS
SM
MD
LG