Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи вагонҳо дар мулоқоти Зарифӣ ва Норов


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи нишасти мавсум ба "Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" дар Тошканд, бо Владимир Норов, вазири хориҷии Узбакистон дидор ва масъалаи интиқоли вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистонро дар миён гузоштааст.

Масъулини вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки як масъалаи аслии мулоқоти Зарифӣ ва Норов баррасии мушкили мавҷуд дар убуру мурури вагонҳои Тоҷикистон аз ҳудуди Ӯзбакистон будааст.

Вазирони хориҷии ду кишвар ҳамчунин авзоъи Қирғизистон ва Афғонистон ва дар маҷмӯъ амнияти минтақаиро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Узбакистон бештар аз 800 вагони молу колои Тоҷикистон раҳбанд мондаанд.

Аз аввали соли равон дар ҳаракати қаторҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон мушкил пеш омад ва ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон номуназзам шуд.

Узбакистон бо сохтмони нерӯгоҳи барқи оби Роғун мухолиф аст ва маводи сохтмонии марбут ба ин неругоҳро аз қаламрави худ иҷозаи убур намедиҳад.

Аммо Тоҷикистон иддаъо дорад, ки на танҳо дар интиқоли маводи марбут ба сохтмони Роғун, балки дар ҳаракати ҳар молу колои дигари Тоҷикистон аз ҳудуди Узбакистон низ мушкилот вуҷуд дорад.

Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон

Ҳамоиши “Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” рӯзи 7-уми август дар шаҳри Тошканд бо ширкати вазирони хориҷаи панҷ кишвари минтақа ва Ҷопон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш масоили равобити иқтисодӣ миёни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва тундгароии мазҳабӣ, мушкили баҳри Арал ва ҳамкориҳо барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баррасӣ шудааст.

Ин ҳамоиш пас аз силсиласафарҳои вазири хориҷаи Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо ибтикори Токио баргузор шуд.

Мулоқоти Зарифӣ бо ҳамтои ҷопонияш

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар зимни ин сафар, ҳамчунин бо вазири умури ҳориҷаи Ҷопор Катсуя Окада мулоқот намуда роҳҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар чаҳорчуби созмонҳои байналмиллалиро баҳс намуданд.

Ҷонибҳо ҳусусан ҷараёни чигунагии амали шудани пружаҳои сармоягузоришудаи давлати Ҷопон дар Тоҷикистонро мавриди барраси қарор доданд.

Истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон ва роҳҳои бурунрафт аз бунбаст дар ин кишвари буҳронзада аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Зарифӣ бо ҳамтои ҷопонияш будааст.
XS
SM
MD
LG