Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди бадномшудаи Ҳамбургро бастанд


Мақомоти Олмон мегӯянд, як масҷидеро дар шаҳри Ҳамбург бастанд, ки пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ба Амрико маҳалли мулоқоти ҳавопайморабоёни Ал-Қоида будааст. Ибодатгоҳи Тайиба, ки пештар масҷиди Ал-Қудс хонда мешуд, ҳамчунин маҳалли ҷалби баъзе аз ҳамлаварони 11 сентябр будааст. Маҷаллаи “Фокус”-и Олмон аз қавли маъмурони амниятӣ навиштааст, ки ин “масҷид дигарбора ба маркази ҷалб барои саҳнаҳои ҷиҳод” табдил шудаст. Ба навиштаи маҷалла, баъзе аз аъзои Тайиба, ки дар ҳамин масҷид намоз мегузоштанд, барои таҳсил ба марказҳои таълими андешаҳои ифротгароёна ба Ӯзбакистон рафтаанд.
XS
SM
MD
LG