Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ дар пайи барчидани силоҳҳои маргбор


Ҳукумати Ироқ умедвор аст, то 8 соли дигар миллионҳо бомбу минаҳои мероси ҷанги 18-сола дар кишварро барчинад. Нармин Усмон, вазири муҳити зисти Ироқ, ин силоҳҳои маргбор то кунун садҳо ҳазор нафар ироқиро маъюбу маҷрӯҳ кардааст ва бахусус дар ҷануби кишвар. Ба гуфтаи ӯ то кунун 40 дар сади 55 миллион адад бомби хӯшаӣ дар Ироқ нотаркида боқӣ мондааст. Нармин Усмон мегӯяд, аз миёни 100 ҳазор нафар афроди бедасту пой, 80 дар сади онҳо қурбонии минаҳо будаанд. Вазорати муҳити зисти Ироқ мехоҳад, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва бар тибқи меъёрҳои байналмилалӣ қаламрави кишварро аз ин силоҳҳои маргбор покиза кунад.
XS
SM
MD
LG