Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби раиси нави "Медиа Алянси Тоҷикистон"


Ассосиатсия журналистон мавсум ба «Медиа Алянси Тоҷикистон», яке аз муассисони ин созмон, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршед Атовуллоро (Хуршед Ниёзов) Котиби генералӣ интихоб намуд.
Тавре раҳбарияти навинтихоб дар анҷумани 7-уми ин созмон дар рӯбарӯи аъзоён баён дошт, ӯ кӯшиши худро барои баланд бардоштани мавқеъи матбуот дар ҷомеа сарф хоҳад кард. Дар ҷараёни аҷуман зикр шуд, ки дар соли гузашта иттиҳодия бо кӯмаки шабакаи телевизиюни «Регар», дар мавриди мушкили нерӯи барқ, ки бо дастури раиси шаҳри Регар сар зада буд, матраҳ намуд. Пас аз мавриди интиқод қарор гирифтан раиси шаҳр аз тарафи ин шабака мушкил роҳи ҳали худро ёфт.
Ассотсиатсияи журналистон мавсум ба «Медиа Аляанси Тоҷикстон»-ро, дар таърихи 31 июли 2005 гурӯҳи рӯзноманигорони мустақили тоҷик таъсис намуданд. Дар шароити феълӣ, ин иттиҳодия 11 рӯзнома ва маҷалларо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бар мегирад.Ҳадафи аслии ин иттиҳодия иборат аз тавсиъаи озодии баён дар кишвар, баланд бардоштани маҳорати касбии рӯзноманигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи журналистон ва талош барои ҳамоҳангии ҷомеъаи рӯзноманигорон мебошад.
XS
SM
MD
LG