Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сарбози амрикоӣ ва як кӯдаки афғон


Паймони НАТО мегӯяд, бар асари бомбгузорӣ дар ҷануби Афғонистон, имрӯз як амрикоӣ кушта шудааст. Дигар ин ки ҷангҷӯёни Толиб дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои ин паймон, як кӯдаки афғонро ҳалок кардаанд. Сухангӯи Паймони низомии атлантики шимолӣ гуфт, ин кӯдак ҳангоми ҳамлаи Толибон ба як посгоҳи сарбозони амрикоӣ дар ноҳияи Ватаҳпури вилояти Кунар кушта шудааст. Кумиссиёни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, сар аз соли 2001 то кунун 1325 ғайринизомӣ кушта шудаанд ва аксарашон ба дасти Толибон.
XS
SM
MD
LG