Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони ҷавони тоҷик барои ширкат дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми август баргузор мешаванд, субҳи 9-уми август озими Сингапур шуданд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) намояндагӣ мекунанд».

Синни ширкаткунандагони нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур вобаста ба навъи варзиш аз 14 то 18-сола муайян шудааст. Дар бозиҳо беш аз 3500 варзишгар аз рӯи 29 намуд қувваозмоӣ хоҳанд кард. Барномаи Бозиҳои наврасон ба барномаи Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мутобиқ шудааст.

Ба гуфтаи Наргис Набиева дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар Сингапур 14-уми август доир мешавад, гуштигир Баҳодур Қодиров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG