Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупо шуд


Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали нуқраи марҳилаи навбатии мусобиқоти Ҷоми Аврупо оид ба гуштии дзю-до гардид. Ин мусобиқот дар шаҳри Ҳамбурги Олмон бо ширкати беш аз 500 варзишгари 39 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқот Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм бар рақибонаш Сошин Катсума (Олмон), Владимир Сорока (Укроин, қаҳрамони Аврупо-2009 ва барандаи Гран-при-2010 дар Тунис), Томаш Адаметс (Лаҳистон) ва Марсел Трудов (Молдова) ғалабаи соф – «иппон» ба даст оварда, ба финал баромад. Вале гуштигири тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Кристофер Волки олмонӣ, ки соҳиби Ҷоми Аврупо гардид, мағлуб шуд. Дар ин қувваозмоии ҳалкунанда, ки 5 панҷ дақиқа давом кард, Кристофер ду огоҳӣ ва Боқиев се огоҳӣ гирифтанд. Бояд гуфт, ки лат хӯрдани пояш пеш аз ин мусобиқот ҳангоми тамринҳо ба Расул имкон надод, ки тамоми қувваю маҳораташро сарф намояд».

Варзишгари дигари тоҷик Абубакр Раҳмонов дар даври аввал дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм аз Роберт Зиммерманни олмонӣ шикаст хӯрд.

Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби умумидастаӣ байни 24 кишвар дар ҷои 14-ум қарор гирифт.

Ба гуфтаи ҷаноби Мамадсафоев ин мусобиқа барои паҳлавонони тоҷик санҷише буд пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзю-до, ки аз 9-ум то 13-уми сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG